КИТОБ-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА ГАНҶИ БЕИНТИҲОИ ИНСОНИЯТ
Китоб аз азал ҳамсафари доимии инсоният буда, ҳамчун ганҷинаи маънавӣ ва рамзи шуурмандӣ мақому арзиши баланд дорад. Тавассути китоб инсоният тавонистаст таҷрибаҳои садсолаҳо ва ҳазорсолаҳои гузаштагонро барои наслҳои оянда ҳифз намояд. Маҳз китоб инсонро ба хирад, андеша, созандагӣ ва фарҳангшиносӣ роҳнамоӣ мекунад.
Имрӯзҳо, ки ҷаҳони муосир босуръат рушд мекунад, аҳамияти китоб ва китобхонӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Чун китоб воситаи асосии омӯзиш ва рушду такомули шахсият мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карданд: “Китоб беҳтарин дӯст ва ҳамсафари инсон аст”.
Китобхонӣ натанҳо илму маърифатро меафзояд, балки ҷаҳонбиниро васеъ, фикрро равшан ва ахлоқро комил мегардонад. Китоб метавонад роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳад ва инсонро аз ҷаҳолат, беаҳамиятӣ ва бепарвоӣ раҳо созад.
Бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли комили давлатӣ ва “Рӯзи китоб”, инчунин бо мақсади тарғиби китобу китобхонӣ дар ҷомеа санаҳои 4-5-уми сентябри соли ҷорӣ дар назди бинои Китобхонаи миллӣ чорабинӣ ва намоиши китобҳо баргузор карда шуд, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, аз ин ганҷинаи бебаҳои маънавиёт баҳравар гардиданд.
Раҳимзода О.-муовини декани факултети тиббӣ