КАФЕДРАИ ТИББИ ҲАРБӢ БА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ОМОДАГӢ МЕГИРАД

КАФЕДРАИ ТИББИ ҲАРБӢ БА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ОМОДАГӢ МЕГИРАД

Бо мақсади таҷлили сазовор аз 34-умин солгарди Истиқлоли комили давлатӣ ва оғози соли нави таҳсили 2025-2026 корҳои созандагиву ободонӣ дар кафедраи тибби ҳарбӣ бо маром ҷараён дорад.

Дар баробари аз таъмири косметикӣ баровардани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо, кормандони кафедра майдончаи гузаронидани дарсҳои амалӣ-таҷрибавиро рангу бор ва тозаю озода намуданд. Бо самимият ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар майдончаи мазкур нишони давлатӣ насб карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки кафедраи мазкур дар самти тозагиву озодагӣ ва ташкили корҳои ободонӣ, гузаронидани чорабиниҳои маърифатию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ пешсаф мебошад.

Тибқи иттилои сардори кафедра корҳо дар самти ободонӣ ва тарбияи дурусти ҷавонон яке аз ҳадафҳои асосии ҳайати кафедра буда, қарор аст, ки минбаъд низ ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


28.08.2025 246

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php