ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВОЛОТАРИН ВА БОАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВОЛОТАРИН ВА БОАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Истиқлолият – бақои давлату миллат ва нигоҳдорандаи таъриху тамаддуни милати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 34 - сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш, ки дар асри 20-ум, аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин саннаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувийят, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда санаи 06. 09. 2025 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб МДТ «ДДТТ-и ба номи Абуалӣ ибни Сино» тибқи нақшаи мавзӯӣ - тарбиявӣ бо донишҷӯёни курси 6 гурӯҳҳои 6, 7, 8, 9 ва 10-уми факултаи тиббӣ семинари ҷашни таҳти мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик» бахшида ба ифтихори ин ҷашни фархунда, изҳори эҳтиром ва қадршиносӣ Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар семинари мазкур ҳамаи ҳайати устодони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд. Бо эҳтиром ва арҷгузори ба муққадасоти миллӣ сараввал суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш ва аз тарафи ҳамаи иштироккунандагон қироат карда шуд.

Семинарро мудири кафедра н.и.т., дотсент Ҷураева Н. С., ҳусни оғоз бахшида, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни бузургу фархунда яъне Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ибрози андеша карданд, ки Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Баъди соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гашт. Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувийяти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар шавем ва аз корномаҳои дурахшони фарзандони халқи худ ҳар чи бештар насли имрӯзаро огаҳ намоем. Оре, истиқлол неъмати бебаҳои зиндагист, шиносномаи хастии давлат, комилҳуқуқӣ ва сохибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи такдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо сохт. Вале он мӯъҷизае нест, ки баъди эълонаш мо даст рӯи даст, дар кунҷи хона бишинему тамоми нозу неъмати зиндагӣ болои хонамон муҳайё шавад. Ҳам пойдории истиқлол ва ҳам беҳ гардидани рӯзгорамон аз меҳнати ҳалол, муносибати пок ва дилу нияти софи ҳар як фарди ҷамъият дар сари иҷрои вазифа аён мегардад. Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда миллати баруманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми баруманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд, зеро ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистони азиз, Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид. Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакории миллат ва роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар заминаи он гардид, ки имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон шиносанд. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дустию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст. Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқдол нашиносад. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 34-солагии истиқлоли миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзиштии осоишта мекушад. Доштани рамзҳои асосии давлати мо - нишони миллӣ, парчами миллӣ ва пули миллӣ шабоҳат аз соҳибистиқлолии давлату миллат мекунад.

Ҳамчунин муаллими калони кафедра Комилов И. Ш., маъруза намуданд, ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихори бузурги миллӣ аз дастовардҳои бузурги истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар, сохтмонхои НБО-и Рогун, Сангтудаи-1, Сангтудаи-2, «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кулоб» ва садҳои иншоотҳои дигар ифтихор дорад, ки асрҳо боз интизораш будаанд. Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик, Ба парвози навин шаҳболи тоҷик. Гар истиқлолаш истиқбол дорад, Хумоён бод истиқлоли тоҷик. Воқеист, ки имрӯз дар фазои Истиқлолият ва сулҳу субот кулли ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз оромию осудагӣ шоирон шеъри сулҳ мегӯянду мусаввирон расми муҳаббат ва садоқат тасвир менамоянд ва ҳунармандон суруди сулҳу ваҳдат месароянд. Пас, ҳамин аст Истиқлолият ва озодӣ. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд. Дар ҳамин замина, омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем. Дар воқеъ, Истиқлолият орзуҳои якояки моро месабзонаду зиндагиро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор месозад. Пас, мо - аҳли ҷомеа, дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама, ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош намоему таҳкимбахши Истиқлолият ва оромию осудагии кишвари хеш бошем.

         Баъдан донишҷӯёни фаъол дар бораи Истиқлолияти давлатӣ таҳти мавзӯи “Ҳумоён бод истиқлоли тоҷик” маъруза карданду дар охир шеърҳои азбарнамудаи худро оиди Ватану Ватандорӣ қироат намуданд.

Хулоса, тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷахон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

 

Кафедраи нигаҳдории тандурустии

ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


11.09.2025 262

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php