ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ЯГОНАГӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ЯГОНАГӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Тӯли 34 соли Истиқлолияти давлатӣ, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз мушкилоту монеаҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, заминаҳои таҳкурсии давлати соҳибихтиёр ва миллӣ гузошта шуданд. Дар ин замина, ҷиҳати таҳкими пояҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва мутобиқ шудан ба талаботи муносибатҳои нави иқтисодӣ, ислоҳоти амиқ ва фарогири сохторӣ пайгирона амалӣ мегарданд.

Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун яке аз тарҳҳои бузурги стратегӣ, бавосита ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум мусоидат намуда, ҳамчун омили муҳими рушду тавсеаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва беҳтарсозии инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла беморхонаҳо, хонаҳои ятимон ва пиронсолон, хидмат мекунад.                            Ислоҳоти амиқ ва пайгиронае, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа татбиқ гардиданд, имкон фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон ба марҳилаҳои нави рушди устувор ворид гардад. Бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки имрӯз кишвари мо дар байни давлатҳои минтақа мавқеи устуворро соҳиб шудааст.

Бояд гуфт, ки Истиқлолият танҳо рукни сиёсӣ набуда, он мазмуни амиқи маънавӣ ва идеологӣ дорад. Он ба мо дарси ватандорӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дода, ҳисси масъулиятшиносӣ ва иродаи мустаҳкамро барои ҳифзи якпорчагии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар қалбҳои ҳар фарди бедордили миллат бедор кард.

Имрӯз кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз мансубияти миллӣ, динӣ ва забонӣ, дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд. Шоирону нависандагон аз сулҳ месароянд, рассомон муҳаббатро ба ватан тасвир мекунанд ва ҳунармандон бо суруди ваҳдат қалбҳоро гарм месозанд.

         Мо аҳли ҷомеа, бояд дар якҷоягӣ талош намоем, то бо меҳнати содиқона, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ кунем ва ба таҳкими пояҳои давлати миллӣ, оромӣ ва пешрафти устувор саҳми муносиб гузорем.

 

                   Амроев У. М –номзади илмҳои таърих, ассистентаи кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


01.09.2025 287

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php