ИСТИҚЛОЛ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ОН
Истиқлолият ҳамчун неъмати олӣ ва арзишманди ҳар миллату давлат, на танҳо рукни асосии давлатдорӣ, балки рамзи ифтихор, худшиносӣ ва масъулияти таърихии як халқ ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик баъд аз садсолаҳо 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмати бебаҳо — Истиқлоли давлатӣ даст ёфт. Аммо таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ба даст овардани Истиқлол танҳо ибтидои роҳ аст. Ҳифз, тақвият ва рушди он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҳақиқатан ватандӯст мебошад.
Истиқлолро метавон ҳамчун маҷмуи арзишҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ кард, ки онҳоро миллат дар роҳи таърихӣ ва муборизаҳои сиёсӣ ба даст овардааст. Ба ин арзишҳо ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, Истиқлоли сиёсӣ, забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳо ва рӯҳи худшиносии миллӣ дохил мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлолият барои мо рамзи ҳастии миллат, давлат ва ватани азизамон мебошад ва ҳимояву таҳкими он қарзи виҷдонии ҳар як фарди бонангу номуси кишвар аст».
Баъди барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ агар аз як тараф Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта бошад, аз тарафи дигар халқи тоҷик Истиқлол ва Сарвари маҳбуби худро пайдо намуд. Президенти мамлакат аз рӯзи нахустини ҳокимияти худ ба майдони сиёсат ворид шуда, бо хиради сиёсии волову маҳорати баланди роҳбарии хеш ба хомӯш намудани оташи ҷанги хонумонсӯз камари ҳиммат баст. Дар пайи таъмин намудани сулњу субот нафарони гурезаеро, ки аз таъсири љанги «бародаркуш» тарки диёри падарї карда буданд, дубора ба Ватан баргардониданд.
Бояд гуфт, ки муҳимтарин ва волотарин арзиши ба дастомада барои халқи тоҷик дар замони соҳибихтиёрии мамлакат ин бевосита ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Халқи тоҷик дар симои Пешвои миллат - шахсияти хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои воқеии худро пайдо намуд. Воқеан ҳам, таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бидуни заҳмату талош ва хизматҳои шабонарӯзии Президенти он тассавур кардан имконнопазир аст. Чунки ташаббусњои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар кишвари мо назир надорад.
Мутаассифона, ҷаҳони муосир саршор аз таҳдидҳои навин аст: ҷангҳои иттилоотӣ, даъвоҳои геополитикӣ, радикализми идеологӣ ва бесуботкунии арзишҳои миллӣ. Бисёре аз ин хатарҳо ба таври пинҳонӣ ё ошкоро зери ниқоби «озодӣ», «ҳуқуқи шахс», «глобализатсия» ва ғайра ворид мешаванд.
Набояд фаромӯш кард, ки зери таъсири ин унсурҳо, агар ҷомеа ва давлат бетараф монад, арзишҳои миллӣ, хоса забон, фарҳанг, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти идеологӣ осеб мебинанд. Тавре муҳаққиқи маъруфи тоҷик профессор Воҳидов менависад: «Бе ҳифзи пояҳои маънавии истиқлолият, мо танҳо истиқлолияти шаклии ҳуқуқиро нигоҳ медорем, на моҳият ва мазмуни воқеии онро».
Яке аз шартҳои асосии ҳифзи Истиқлол ва арзишҳои он – ин таъмини ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдат танҳо як шиори сиёсӣ нест, балки заминаи воқеии суботи дохилӣ ва пешрафти устувори кишвар аст. Бе ваҳдати ақлҳо, ваҳдати қалбҳо ва ҳамбастагии наслҳо, ҳеҷ давлат наметавонад, Истиқлоли худро дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ ҳифз намояд.
Маҳз, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, пас аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, миллати тоҷик тавонист, худро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад ва Истиқлоли хешро таҳким бахшад.
Имрӯз ҷавонон на танҳо истеъмолгарони арзишҳо, балки нигоҳбон ва созандаи онҳо бояд бошанд. Зимни рушди технология ва дастрасии васеъ ба иттилооти гуногун, тарбияи маънавӣ ва ватандӯстонаи насли навин аҳамияти калон касб мекунад.
Нақши устодон, омӯзгорон, зиёиён ва ВАО дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва маънавии ҷавонон бениҳоят муҳим аст. Ба иборати дигар, арзишҳои Истиқлол танҳо вақте устувор мемонанд, ки дар зеҳн ва қалби ҳар як фард ҷой гиранд.
Истиқлол на танҳо истиқлолияти расмӣ, балки пояҳои маънавӣ, идеологӣ ва арзишӣ дорад, ки бидуни ҳифз ва густариши онҳо давлат ва миллат наметавонанд пеш раванд. Моро зарур аст, ки дар шароити мураккаби асри XXI ба хотири наслҳои оянда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ арзишҳои Истиқлолро ҳифз, муаррифӣ ва такмил диҳем.
Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ, бо камоли эҳтиром ва ифтихори миллӣ Шуморо бо солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи озодӣ, сарбаландӣ ва худшиносии миллии мост, самимона табрик мегӯям!
Муборак бод Истиқлоли тоҷик!
Шукуҳу нусрату иқболи тоҷик!
Муовини ректор оид ба тарбия,
Аҳрориён З.А.