ИСТИҚЛОЛ - ОЛАМИ НАВИ ИМКОНИЯТҲО
Шубҳае нест, ки мундариҷаи мафҳуми истиқлол аз ҳар гуна мафҳуми дигар бойтар мебошад. Мундариҷаи мафҳуми мазкур танҳо бо таъмини озодӣ, хушбахтӣ, зиндагии орому осуда, ҳаёти пур аз фараҳу нишоти кӯдакон, рӯйи сурху лабҳои пур аз табассуми аҳли ҷомеа ва монанди ҳамин ҳазорҳо дигар ҳолатҳои моддию маънавии қаноаткунанда маҳдуд намегардад.
Пешвои муаззами милат зимни яке аз суханрониҳояшон истиқлолро ҳамчун як ҷаҳони имкониятҳо барои ҷомеа ва ҳар фарди он маънидод намуда буданд. Воқеан ҳам, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Истиқлол на танҳо як воқеият, ба таври мушаххас озодии ба дастовардашуда, саодати ба вуқуъ пайваста, ҳадафҳои олии ҷомаи амал пӯшида, чеҳраҳои пуртабассуми дурахшанда ва амсоли инҳост, балки вай ҳамчунин олами имкониятҳои нав барои расидан ба саодатмандию фараҳмандӣ, ноил шавӣ ба ҳадафҳои наву иҷрои вазифаҳои боз ҳам олитару мараккабтар мебошад.
Воқеан ҳам зиндагии инсон чунон ороста шудааст, ки вай пайваста дар ҳаракату тағйирёбист. Сарчашмаи ин ҳаракату тағйиротро талаботу ниёзмандиҳои инсон ва ҷомеаи ӯ муайян менамоянд. Талаботу ниёзмандиҳои инсон ҳеҷ гоҳ яксон набуданд. Онҳо вобаста ба марҳилаи рушди ҷомеаю вижагиҳои фарҳангии аҳли он ҳамеша тағйир пазируфта, шаклҳои нав, аксаран тамаддуниро касб менамуданд.
Омӯзишу таҳлитли раванду ҳаводиси таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳамин пешрафти зиндагию тағйирёбии талаботу ниёзмандиҳои инсон аз муҳити ҷуғрофӣ низ бастагии зич доштаанд. Дар қисмате аз олам ба сабаби омили зикршуда раванди рушд босуръаттар буда, дар қисмати дигар оҳистатар будааст. Вижагии мазкур низ ҳамчун яке аз омилҳои таҳрикдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва илму маърифати инсонӣ дар пешрафти ҷомеаҳо нақши муҳим бозидаанд.
Аммо боз ҳам шароити хуби фаъолият, имкониятҳои худтатбиқсозӣ, меҳнати содиқлона баҳри амалии ҳадафҳои олӣ, истифодаи маҳсулноки нерӯи ҷисмию равонию ақлонӣ, дастрасӣ ба омилҳои рушд, фазои орому осуда ва эҷодкорона ва ба ҳамин монанд имкониятҳои зиёди дигар дар баробари муҳити ҷуғрофӣ омили қавии рушди шахсу пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбанд.
Вижагиҳои зикршудаи рушду пешрафт аҳли ҷомеа ва масъулини онро водор месозанд, ки аз олами имкониятҳо маҳсулнок истифода бурда, ба воқеиятҳои нав бирасанд.
Дар самти мазкур нахустин имконият ин имконияти худтатбиқсозӣ ва худтакмилдиҳии шахс аст. Ҷомеа бо забони оддӣ ин маҷмӯи ашхос аст. Ҳар шахсияти такмилёфтаю худтатбиқкунанда заминаи бунёди ҷомеаи комил аст. Аз ин рӯ, ҷомеаи комил бидуни шахси комил маънӣ надорад.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар робита ба мавзуи матраҳнамудаистодаи мо чӣ хуш гуфтааст:
Санг шав, эй ҳамчу гул нозукбадан,
То шавӣ бунёди девори меҳан.
Аз гили худ одаме таъмир кун.
Одамеро оламе таъмир кун.
Мутафаккир робитаи диалектикии байни шахс ва ҷомеа, аз ҷумла Ватанро хеле хуб дарк намуда, худшиносию худсозии шахсро шарти ободии Ватан маҳсуб донистааст. Воқеан ҳам Ватан он гоҳ пешрафт мекунад, ки ҳар як фарди он масъулияти баланди худшиносию худогоҳӣ нишон дода, дар иҷрои вазифаҳои дарпешистодааш дурӯягию мунофиқиро поймол намуда, содиқона ва самимона меҳнат намояд. Вақте аз номи Ватану миллат ҳарф мезанем, лек зимни иҷрои вазифаҳои касбӣ манфиатҳои шахсиро афзал мешуморем, чунин муносибат ҷуз риёкорӣ чизе беш нест. Муҳаммад Иқбол дар мисраҳои зикргардида дар заминаи имкониятҳои мавҷуда (гили худ) бунёди одами нав ва дар заминаи он таҷдиди олами куҳанро зарур мешуморад.
Вақте каме ба андеша меравем, дарк мекунем, ки Истиқлол барои мо чунин як олами имкониятҳоро барои ҳам таъмири худамону ҳам таъмири ҷомеаямон тақдим намудааст. Аввалин имконият ин имконияти беканори таҳсили илму дониш ҳам барои худамон ва ҳам фарзандонамон мебошад. Шароити имрӯзаи таҳсили илму дониш аз даврони шуравӣ ба маротиб беҳтару афзалтар аст. Дар чунин шароит беэътиноӣ нисбат ба илму дониш беэҳтиромӣ нисбат ба рӯҳи мутафакирони бузурги гузаштаамон маҳсуб меёбад. Дар шароити пешрафти босуръати илму дониш пойбанди ба фарҳанги шахшудамондаи асримиёнагӣ ҳамзамон хиёнатест ба тақдири миллати тамаддунсозу фарҳангпешаи миллат. Мо ҳеҷ яке аз суханронии Пешвои муаззами миллатро ёд оварда наметавонем, ки дар он омӯзиши илму дониш боисрор талаб карда нашуда бошад. Ройгон тақдим шудани китоби безаволи «Шоҳнома» -и Абулқосим Фирдавсӣ баъд аз китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуров сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллатро бори дигар амалан собит менамояд. Бинобар ин, аз чунин имкониятҳои Истиқлол истифода намуда, мо бо донишомӯзии худ баҳри таҳкими пояҳои Истиқлол саҳми аввалини худро мегузорем.
Имконияти дигари Истиқлол аз шаҳди асалбори он ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам маънавӣ форовон истифода бурда, барои пойдории чунин имконияти мусоид ва эҷодбахш муносибати худро дар ҳамаи самтҳо тағйир додан аст. Албатта, аввалин муносибат ин муносибат ба вазифаҳои касбӣ аст. Зимни иҷрои фаъолияти касбӣ ба дурӯғу фиребгарӣ роҳ надодан яке аз роҳҳои осон ва маҳсулноки пешрафти фаъолияти муассисаест, ки мо дар он ҷо фаъолият менамоем. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки мо дар бораи худшиносию ватандорӣ ва миллатдӯстии худ чун булбул месароем, лек вақте фаъолиятамонро воқеъбинона таҳлил менамоем, мо дар амал зоғи сияҳем, ки ба ҷуз хорию залолат ва сархамӣ ба корхона чизе намеорем. Вақте корҳонае, ки мо дар он фаъолият менамоем, ба сабаби дурӯягии мо пешрафт накард, чӣ гуна ҷомеае, ки аз чунин корхонаҳо мураттаб гардидааст, пешрафт кунад.
Бешак Истиқлол барои ҳар як фард дар алоҳидагӣ ва барои ҷомеа дар умум дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ва фаъолият имкониятҳои бемаҳдуд барои рушду нумуъ ва пешрафту тараққӣ иҳдо намудааст. Аммо, аз нигоҳи ин ҷониб, имконияте, ки ба воқеият табдил додани он аз ҳама бештар ногузир ва зарурист, чун дар қуруни вусто ба маркази илму фарҳанги башарӣ табдил додани фазои илмии ҷомеа ва миллатро чун миллати тамаддунофару созанда ва эҷодкору фарҳангӣ муаррифӣ намудан аст. Таҳлилу мушоҳидаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки имрӯз дар кишвар ба шарофати сиёсати хирадмандона ва илммеҳвари Пешвои миллат тамоми шароитҳои моддию маънавӣ фароҳам оварда шудааст. Моро танҳо зарур аст, ки нисбати вазифаҳои касбии худ саҳлангорӣ накунему муҳити воқеан ҳам илмӣ эҷод намоем ва дар рӯҳияи илмдӯстию ҳақиқатпешагӣ насли ҷавонро тарбия намоем. Огоҳӣ бо таърихи бою рангини миллат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фарзандони илмпешаи он баҳри омӯзиши илм мушкилоти сангинро паси сар намуда, барои инсоният асарҳои ҷовидонӣ эҷод намудаанд. Бинобар ин, аз имкониятҳои шаҳдбори Истиқлол истифода бурда, дар байни милатҳои илмофари ҷаҳон ҷой гирифтан маънои хурсанд сохтани арвоҳи бузурги гузаштагонро дорад.
Воқеан ҳам Истиқлол барои аҳли ҷомеаи мо баҳри боз ҳам фараҳмандонаю саодатмандона зиндагӣ намудану дар саргаҳи миллатҳои пешрафтаи ҷаҳон мақом гирифтан имкониятҳои фаровоне эҳдо намудааст. Истифодаи босамар аз ин имкониятҳо на танҳо дар пешрафти тамоми ҷомеа, балки дар сатҳи накӯаҳволии ҳар фарди он ифодаи худро меёбад.
Дар ин рӯзи саид ба тамоми мардуми кишвар сарбаландии ҷовидонаро орзу намуда, бо дили пур аз нишот тантанавор таҷлил намудани ин Иди бузург ва ба воқеият табдил ёфтани имкониятҳои онҳоро таманно менамоем.
Абдухалилзода К.А. –доктори илмҳои фалсафа,
дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ