ИФТИХОРИ ҶАВОНОН-ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ БО МЕДАЛИ “ҶАСОРАТ” САРФАРОЗ ГАРДИД
Дар замони Истиқлоли комили давлатӣ сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҳазор ҷавонро рӯҳбаланду ҳавасманд барои созандагию хизмат ба Ватан гардонидааст. Таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба ҷавонон, дастгирии онҳо дар самтҳои илму маориф, тандурустӣ, мудофиа ва дигар соҳаҳои муҳими ҷомеа, имрӯз намунаи барҷастаи ғамхорӣ ва масъулияти давлатдорӣ мебошад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки чанде пеш яке аз ҷавонони фаъолу меҳнатқарин-омӯзгори кафедраи тибби ҳарбии Донишгоҳ, Хоҷазода Муродҷон Саидалӣ барои содиқона хизмат кардан ба Ватан, саҳми арзанда доштан дар корҳои тарбиявӣ ва фаъолияти ибратбахши омӯзгорӣ, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “ҶАСОРАТ” сарфароз гардонида шуд.
Ин мукофот шаҳодати он аст, ки меҳнати софдилона, садоқати касбӣ ва меҳанпарастии ҷавонони кишвар ҳамеша аз ҷониби давлат қадрдонӣ мешавад. Ин амал на танҳо ифтихори шахсии омӯзгори ҷавон Хоҷазода Муродҷон, балки дастоварди кулли ҷомеаи омӯзгорӣ, ифтихори Донишгоҳи тиббӣ ва мудофиаи кишвар аст.
Ҳамкорону донишҷӯён ӯро ҳамчун шахси намунавӣ, инсони ватандӯсту заҳматкаш ва масъулиятшинос мешиносанд, ки бо меҳру муҳаббат ва садоқати беандоза донишҳои касбиро ба насли наврас меомӯзад ва онҳоро рӯҳбаланд ба роҳи хизмат ба Ватан ҳидоят мекунад.
Имрӯз чунин дастовардҳо барои насли ҷавон, махсусан донишҷӯён, ҳамчун дарси бузурги худшиносиву худогоҳӣ ва намунаи равшани садоқат ба Пешвои миллату давлат хизмат мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеаанд” ва воқеан, чунин ҷавонони меҳанпараст бо амали нек исбот месозанд, ки арзиши асосии миллат худшиносӣ ва ваҳдат дар меҳнати содиқона ифода меёбад.
Абдураҳмонов З. В.-сардори шуъбаи иттилоот ва
робита бо ҷомеаи Хадамоти ректори Донишгоҳ