ДОНИШҶӮЁН АЗ ИМКОНИЯТҲОИ МАВҶУДА САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРАНД
Рӯзи 3-юми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади тақвият додани корҳои самти таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ бо донишҷӯёни курси 5-уми факултети фарматсевтӣ вохӯрии машваратӣ баргузор гардид. Дар вохурӣ сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ н.и.т., дотсент Матинов Ш.Қ. ва декани факултети фарматсевтӣ н.и.х. Гулмаҳмадзода З.Г. баромад намуданд. Дар ин вохӯрии мазкур масъалаҳои гуногун оид ба босамар гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ таҳлилу баррасӣ гардиданд. Донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни курси 5-уми факултети фарматсевтӣ дар соли таҳсили ҷорӣ мувофиқи барнома сурат гирифта истодааст. Донишҷӯёни факултет таҷрибаомӯзиро дар МТИИ «Фарматсия»-и Донишгоҳ гузашта истодаанд.
Лозми ба ёдоварист, ки дар МТИИ «Фарматсия» тамоми имкониятҳо барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ фароҳам оварда шудааст, ки он имконият медиҳад, ки донишҷӯён тарзи коркарди растаниҳои ватаниро пурра омӯзанд.
Шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ