CУГВОРИИ собик донишчуи факултети тибби Раззокова Умеда

CУГВОРИИ собик донишчуи факултети тибби Раззокова Умеда
Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад.
Гардуни бевафо тири аҷал сӯи мо андохт. Марги нобаҳангом аз сафи донишҷӯёни мо яке донишҷӯи беҳтарин, дӯсту рафиқ, ғамгусор Раззоқова Умедаро ба дунёи хомӯшон бурд.
Раззоқова Умеда Абдулвоситаова 02.06.1997, дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати Хистеварзи, вилояти Суғд таваллуд шуда, санаи 02.01.2020 дар натиҷаи садама аз олам даргузашт.
Дар ин лаҳзаҳои лаболаб ғамбору ҳасратнок аз номи Роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати устодону ҳамкурсон ба аҳли оила ва хешу пайвандони Раззоқова Умеда изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил талабгорем.
Ҷои Раззоқова Умеда дар қалбҳои мо ҳамкурсон ва устодонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неки ӯ дар ёдҳои мо ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
Руҳат шод ва манзили охиратат обод бод!
Раёсати донишгоҳ, Деканати факултети тиббӣ, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

02.01.2020 2088