АТТЕСТАТСИЯИ ХОТИМАВИИ ТАБИБ-ИНТЕРНАҲО БАРГУЗОР ГАРДИД

АТТЕСТАТСИЯИ ХОТИМАВИИ ТАБИБ-ИНТЕРНАҲО БАРГУЗОР ГАРДИД

Интернатура яке аз зинаҳои таҳсилоти баъдидипломии таҳсилоти олии тиббӣ ба ҳисоб меравад ва табиб-интернаҳо баъди гузаштани давраи интернатура дар охир аз аттестатсияи хотимавӣ мегузаранд. Тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 21-22 августи соли равон аттестатсияи хотимавии табиб-интернаҳо баргузор гардид. Комиссияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т   Ашуриён Ш.С. сатҳи дониши табиб-интернаҳоро арзёбӣ кард. Ба комиссияи имтиҳонӣ устодони кафедраҳои клиникии Муассисаҳои давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ва «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сармутахассиссони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буданд. Аттестатсия ба таври анъанавӣ ва шифоҳӣ амалӣ карда шуд. Табиб-интернаҳое, ки аз аттестатсия бомуваффақият гузашта, тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор сафарбар карда мешаванд ва дар барқарорсозии солимии аҳолии кишвар саҳми босазо мегузоранд.

 

         Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ



23.08.2025 284

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php