Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд

Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд

      Дар доираи рушди ҳамкориҳои босамари Муассисаи давлатии таълимии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо дигар муассисаҳои омӯзишиву таълимии дохиливу хориҷи кишвар 13-уми ноябри соли ҷорӣ вохӯрии ректори МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ бо меҳмонон Матиас Глокнер- директори генералии ширкати стоматологии “Мегадента”-и Олмон, мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии факултети стоматологияи Донишгоҳи давлатии стоматологии Тошканд д.и.т., профессор Бекҷанова Олга Есановна ва намояндагон аз кишвари Қазоқистон баргузор шуд. Вохӯрӣ дар доираи ҳамкориҳои тарафайн барои баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти таълим, илм ва фаъолияти тахассусии донишгоҳҳо сурат гирифт. Инчунин ҷиҳати боз ҳам бештар тақвият додани ҳамкориҳо суҳбати озод баргузор шуд.

      Директори генералии ширкати стоматологии “Мегадента”-и Олмон барои истиқбол ва пазироии самимона миннатдории худро баён намуда, мавқеи МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар омода намудани мутахассисони болаёқати соҳаи тибби кишвар, аз ҷумла бахши дандонпизишкӣ баланд арзёбӣ кард. Ҷаноби Матиас Глокнер бо таваҷҷӯҳ ба фаъолияти стоматологии ширкати “Мегадента”, таъкид намуд, ки донишгоҳи моро дар ин самт ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои мустаҳкамкунии пояи кадрҳои стоматологии донишгоҳ кӯмаки беғараз мехрасонад. Дар доираи тавсеаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ширкати стоматологии “Мегадента”, чунин тавофуқ шуд, ки аз ҷониби ширкати мазкур таҷҳизот ва масолеҳи стоматологӣ барои омӯзиш ва такмили тахассуси донишҷӯён ворид карда мешавад.

     Зимнан, ширкати стоматологии “Мегадента”-и Олмон яке аз бомуваффақияттарин ширкати ҷаҳонист, ки таҷҳизот ва масолеҳи стоматологиро ба таври комил ба бозори ҷаҳонӣ ворид намуда, муштариён ва тарафдорони зиёде дорад.

       Ба имзо расидани Созишномаҳои сатҳи баланди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди бемайлони чунин ҳамкориҳо аз мавқеи хоси МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар самти илму таълим дарак медиҳад, ки бо баланд бардоштани сифати таълим мутахассисони болаёқати ҷавобгӯ ба сатҳи байналмилалиро омода менамояд.

 

                    Зуҳра Турсунова, шуъбаи иттилоот ва нашрия


Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд
14.11.2019 117