Амалишавии лоиҳаи илмӣ-грантӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Амалишавии лоиҳаи илмӣ-грантӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Дар соли ҷорӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино лоиҳаи грантии илмии “Ҷорӣ намудани таълимӣ мулти медӣ дар ДДТТ баноми Абӯалӣ ибни Сино”, ки аз ҷониби сафоратхонаи ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) бо мақсади дастрас намудани таҷҳизотҳои илмӣ ҷудо гардида буд, бурд намуд. Лоиҳаи грантии илмӣ аз ҷониби сафоратхонаи кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо гардида ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизотҳои дар соҳаи тиб истифодабаранда, равона карда шудааст. Мақсади асосии лоиҳаи болозикр ин беҳтар намудани таълими тиб тавассути ҷорӣ намудани системаи нави мултимедиа ва таълими амалии донишҷӯён бо микроскоп мебошад.

Дар доираи ин лолиҳа ба донишгоҳ 8-то микроскопҳои замонавӣ, аз -то микроскопи бо компютер пайвастшаванда ва дорои хусусияти сабткунӣ дошта барои муаллим ва 7-то микроскопи муосир барои донишҷӯён дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳ оварда насб карда шуданд.

Дар санаи 25-уми октябри соли 2019 ҷиҳати расман ба истифода додани синфхонаи мазкур ба озмоишгоҳ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Н.Х., Бекмуродзода Султон Бекмурод- Сардори хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. васафири Фавқуллода ва Мухтори кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевич ташриф оварданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар санаи 5-уми июли соли 2019 ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. сафири Фавқуллода ва Мухтори кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Петр Ивашкевичро ба ҳузур пазируфта мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати амалишавии лоиҳаи илмӣ грантии “Ҷорӣ намудани таълими мултимедӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”ёддошти тафоҳум байни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Сафоратхонаи кишвари Лаҳистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.

                                                             Шуъбаи иттилоот ва нашрия


5
1
3
4
27.10.2019 307