Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият
Дар толори Синои донишгоҳ рӯзи 6 сентябр бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён маҷлиси тантанавӣ баргузор гашт.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. кушода ҳамагонро бо ин иди пуршукуҳи умумимиллӣ аз номи раёсат ва созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ табрику таҳният гуфт ва ҳамзамон қайд кард, ки дар замони Истиқлолият кишвари мо ба дастовардҳои зиёди дохилию хориҷӣ ноил гардидааст. Яке аз он дастовардҳо ин сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ба шумор меравад, ки 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми он мавриди баҳрабардорӣқарор гирифт. Ва имрӯзҳо мо дар остонаи ба кор додани агрегати дуюми ин иншооти муҳими аср қарор дорем. Ин сохтмони бузург воқеан ҳам аз ормонҳои миллии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати ҳамаҷонибаи халқи тоҷик ба субот расида истодааст.
Вобаста ба дастовардҳои донишгоҳ дар давраи соҳибистиқлолӣ М.Қ.Гулзода зикр намуд, ки дар ин давра баъд аз татбиқи “Барномаи рушди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015” “Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025” таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва соли 2017 оғози марҳилаи нави рушди донишгоҳ арзёбӣ шуд. Дар асоси стратегияи муайян гардида, механизми татбиқсозии он ва индикаторҳои самаранокии чорабиниҳо таҳия карда шуд. Дар ин давра низоми таҳсил таҳким ёфта, пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳ пурзӯр гардида, биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.
Дар баромади мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, д.и.ф., профессор А.С.Саидов қайд карда шуд, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Дар замони истиқлолият кишвари мо ба дастовардҳои зиёди дохилию хориҷӣ ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати мустақил аз тарафи зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон шинохта шуд. Пазируфтани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаҳои вобаста ба об аз маъруфияти кишвари мо дар саросари олам дарак медиҳад.
Дар охир бо қувваи ҳаваскорони дастаи “Шифо”-и донишгоҳ барномаи идонаи консертӣ намоиш дода шуд.
“Ворисони Сино”

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият
Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият
Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият
06.09.2019     247