Ғалабаи аввалини футболбозони донишгоҳ

Ғалабаи аввалини футболбозони донишгоҳ

Дар пойтахти мамлакатамон-шаҳри Душанбе мусобиқаҳо оид ба футболи хурд барои соҳиб шудан ба Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтанд.

Дар қувваозмоиҳо 32 даста аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ ширкат меварзанд. Дастаи футболбозони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар як гурӯх бо варзишгарони Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишкадаи забонҳо ва Донишкадаи исломӣ қувваозмоӣ мекунанд. Вохӯрии аввалини худро футболбозони донишгоҳ рӯзи 10 январ бо варзишгарони Донишкадаи забонҳо баргузор намуда, бо ҳисоби калони 13 : 7 дастболо гаштанд. Варзишгаронро ба қувваозмоиҳо мураббии соҳибтаҷриба, устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ Ватан Бобоҷонов омода намуда, мавсуф ҳамзамон дар ҳайати даста ба ҳайси ҳуҷумкунанда ҳунарнамоӣ мекунад.

«Ворисони Сино»


3
2
1
12.01.2021 108