АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ТАШАККУЛИ НАЗРИЯИТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ (БА ИФТИХОРИ 1045-СОЛАГИИ МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ТОҶИК АБУАЛӢ ИБНИ СИНО)
Абуалӣ ибни Сино (980-1037), донишманди бузурги шарқ ва мутафаккири умумибашарӣ, дар таърихи илми тиб ҷойгоҳи беназир дорад. Осори ӯ, бахусус “Ал-Қонун фи-т-тиб”, асрҳо ҳамчун дастури асосӣ барои омӯзиши тиб дар донишгоҳҳои Шарқу Ғарб истифода мешуд. Бо вуҷуди он, ки Ибни Сино бештар ҳамчун табиби бузург шинохта шудааст, саҳми ӯ дар ташаккули назария ва амалияи пешгирии бемориҳо ва рушди тарзи ҳаёти солим яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти илмӣ-амалӣ ба шумор меравад.
Дар замоне, ки тиб бештар ба муолиҷа нигаронида шуда буд, Ибни Сино пешгириро асоси саломатӣ мешуморид ва ба аҳамияти муҳити зист, ғизо, обу ҳаво, ҳаракати ҷисмонӣ ва ҳолати рӯҳӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекард. Ин андешаҳо, ки дар асарҳои ӯ мавҷуданд, то имрӯз арзиши илмӣ ва амалӣ доранд.
Дар таълимоти тиббии Абуалӣ ибни Сино мафҳуми “умур-и табия” (омилҳои табиӣ) нақши асосӣ доштанд. Ба ақидаи ӯ, саломатии инсон аз тавозуни ин омилҳо вобаста аст. Ӯ ҳаёти соолимро дар мутобиқати инсон бо қонунҳои табиат мешуморид.
Ҳаким Абуалӣ ибни Сино ғизоро “қуввати аввалини инсон” дониста, таъкид мекард, ки ҳар навъи ғизо хусусияти муайян дорад ва ба саломатӣ таъсири мустақим мерасонад. Ӯ ғизои мувофиқро вобаста ба синну сол, фасли сол ва ҳолати ҷисмонӣ тавсия медод. Дар “Қонун фи-т-тиб” тавсияҳои зиёди парҳезӣ оварда шудаанд, ки бисёре аз онҳо ба илми диеотологияи муосир мувофиқ меоянд.
Инчунин, Ибни Сино ҳаракатро “асоси мувозинати ҷисм” мешуморид. Ӯ навъҳои гуногуни ҳаракатро (шадид, миёна ва сабук) ҷудо карда, таъсири онҳоро ба дил, мушакҳо ва системаи ҳозима шарҳ додааст. Ҳамин назария баъдан дар таҳияи асосҳои тибби варзиш нақши муҳим бозид.
Ба ақидаи Абуалӣ ибни Сино, сифати ҳаво барои саломатӣ нақши калидӣ дорад. Ӯ таъсири намнокӣ, ҳарорат, тозагӣ ва ҳаракати ҳаворо шарҳ дода, истифодаи равзанаҳои кушода, растаниҳо ва обро барои беҳбуди муҳит тавсия мекард. Ин адешаҳо имрӯз бо илми экологияи тиббӣ ва гигенӣ ҳамоҳангӣ дорад.
Ибни Сино яке аз аввалин мутафаккироне буд, ки робитаи мустақими саломатии рӯҳӣ ва ҷисмониро таъкид мекард. Ӯ ҳолати рӯҳиро омили муҳими пешгирии бемориҳо медонист ва ханда, мусиқӣ ва оромиро барои мувозинати нафс муҳим мешуморид.
Назарияи Ибни Сино оид ба пешгирии бемориҳо имрӯз ҳам ба принсипҳои тиббӣ-профилактикӣ ва тибби оилавӣ мувофиқ меояд.
Бо такя ба осори ӯ метавон гуфт, ки Ибни Сино назарияи илмии “тарзи ҳаёти солим”-ро бештар аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд оварда буд. Таҳлилҳо ннишон медиҳад, ки бисёре аз тавсияҳои ӯ- аз ҷумла истифодаи ғизои табиӣ, риояи тавозуни фаъолияти ҷисмонӣ, тозагии муҳит ва нигоҳдории оромии рӯҳ-ҳанӯз асооси барномаҳои ҷаҳонии солимии ҷамъиятиро ташкил медиҳад.
Хулоса: Фаъолияти илмӣ ва амалии Абуалӣ ибни Сино натанҳо ба пешрафти тибби асрҳои миёна, балки ба рушди илмҳои муосир низ таъсири амиқ расонидааст. Саҳми ӯ дар ташаккули назарияи пешгирии бемориҳо ва тарзи ҳаёти солим далели он аст, ки донишмандони асрҳои гузашта низ масъалаҳои стратегӣ ва замонавиро ба таври амиқ меандешиданд.
Ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, мо ворисонаш натанҳо ёдгориҳои илмии ӯро гиромӣ медорем, балки аҳамияти назарияҳои ӯро барои ҳифзи саломатии инсон дар ҷаҳони муосир низ таъкид менамоем.
Абдуллозода С. М.-д.и.т., профессори кафедраи эпидемиология