АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ТАШАККУЛИ АСОСҲОИ ИЛМҲОИ АСАБШИНОСӢ ВА РАВОНШИНОСӢ

АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ТАШАККУЛИ АСОСҲОИ ИЛМҲОИ АСАБШИНОСӢ ВА РАВОНШИНОСӢ

Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин донишмандони таърих, мутафаккири барҷастаи тоҷик , ки дар соҳаҳои гуногун –фалсафа, тиб, мантиқ ва равоншиносӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ яке аз олимоне буд, ки робитаи байни фаъолияти майна, асаб ва ҳолати равонии инсонро мавриди таҳқиқ қарор дод. Андешаҳои ӯ дар бораи механизмҳои рӯҳӣ, идрок, хотира, иллатҳои бемориҳои рӯҳӣ ва роҳҳои муолиҷаи онҳо, имрӯз низ аз нигоҳи илмӣ ва таърихӣ арзишҳои калон доранд.

         Ибни Сино бо такя ба мероси Юнони қадим ва таҷрибаи тиббии шарқӣ назарияҳоеро ба вуҷуд овард, ки аз илми тиб берун рафта ба илмҳои равонӣ ва асабшиносӣ низ замина гузошт. Ӯ асабро воситаи асосии робитаи рӯҳ ва ҷисм дониста, фаъолияти ақл ва хотираро ба системаи асаб вобастагӣ кардааст.

Абуалӣ ибни Сино мағзро маркази фикр ва идрок шуморид. Ӯ бар хилофи баъзе ақидаҳои қадимӣ, ки дилро маркази ақл медонистанд, далел овард, ки тамоми фаъолияти зеҳнӣ ва ҳиссӣ ба майна иртибот дорад.

Ибни Сино системаи асабро ҳамчун шабакаи паёмрасон байни майна ва узвҳо шарҳ додааст. Гарчанде олим аз ҷиҳати анатомӣ наметавонист мисли илми муосир онро исбот кунад, аммо ба таври назариявӣ ба он наздик шуд, ки асабҳо вазифаи интиқоли “қувваи ҳайвонӣ” (энергияи асабӣ)-ро иҷро мекунанд.

Дар “Қонун” бемориҳои гуногуни асабӣ ва рӯҳӣ, мисли саръ (эпилепсия), фалаҷ, дардҳои асабӣ ва ихтилоли хоб тавсиф шудаанд. Ӯ ҳамчунин иллатҳои онҳоро ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ (осебҳо, ғизо, ҳолати равонӣ) рабт додааст.

Абуалӣ ибни Сино равандҳои асосии равониро-ҳисиёт, идрок, хаёл, хотира ва тафаккур ба таври муфассал тавсиф намуд. Ӯ аввалин шуда онҳоро ба дараҷаҳои “қувваҳои ҳиссӣ”, “қувваҳои хаёлот” ва “қувваҳои ақлонӣ” ҷудо кард. Сино ихтилолҳои рӯҳиро натанҳо ҳамчун падидаи “рӯҳонӣ”, балки ҳамчун бемориҳои тиббӣ нишон дода, сабабҳои онҳоро ба фаъолияти майна ва ҳолатҳои организм рабт дод. Масалан, ӯ ғамгинӣ (дипрессия), васваса ва девонагиро ба тағйироти ҷисмонӣ дар майна иртибот медод.

Ибни Сино барои беҳбудии рӯҳ тавсияҳо додааст, ки имрӯз онҳоро метавон “усулҳои психиотерапия” номид.. Ӯ истифодаи мусиқӣ, суханони ҳикматомӯз, ханда ва оромиро барои табобати рӯҳӣ муҳим мешуморид.

Назарияҳои Ибни Сино дар бораи робитаи майна ва равон, инчунин шарҳи бемориҳои асабӣ ва рӯҳӣ, дар асл пояи аввалини илмҳои неврология ва психиатрия гардиданд. Гарчанде, ӯ таҳҷизоти муосири илмӣ надошт, бисёре аз таҳлилҳои ӯ бо кашфиётҳои илмии асрҳои ХIХ-ХХ ҳамоҳанг аст. Масалан:

. Назарияи ӯ дар бораи марказ будани майна имрӯз асоси неронаука мебошад.

. Тавсифи бемориҳои рӯҳӣ ва роҳҳои табобаташ ба равонпизишкии муосир наздик аст.

. Тавсияҳои ӯ оид ба таъсири мусиқӣ ва сухан ба рӯҳ ба соҳаи равоншиносӣ мувофиқат мекунад.

Абуалӣ ибни Сино бо осори худ на танҳо ба рушди тибби асримиёнагӣ, балки ба ташаккули илмҳои асабшиносӣ ва равоншиносӣ низ саҳми арзанда гузоштааст.

 

Зарифӣ Н. А.-доктор PhD-ассистенти кафедраи асабшиносӣ, психитрия ва психологияи тиббии ба номи профессор М. Ғ. Ғуломов


16.08.2025 535

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php