ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ
Имрӯз, 21-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳаббатзода Ҷиёнхон Қурбон оғоз ёфта, номбурда иштирокдорони ҷамъомадро ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ табрику муборакбод намуданд. Зикр гардид, ки решаи парчамдории тоҷикон ба умқи таърих рафта мерасад ва нишонаҳои таърихи пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик дар Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз пурра дарҷ гардидааст.
Тағойзода Сумангул Саид-раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш аз таърихи ливои тоҷикон ёдовар шуда, дар такя ба манбаҳои таърихӣ иброз доштанд, ки ин муқаддасоти бузург роҳи тӯлониро дар гирудорҳои печидаи таърихӣ тай намуда, то замони мо ба мерос омада расидааст. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Коваи Оҳангар пешдомани худро парчам намуда ба мубориза бархестааст, ки онро “Дирафши Кова” меноманд. Дар ҷангҳои байни юнониҳову форсҳо, хилофати араб, муборизаи суғдиҳо ба муқобили арабҳо, амалиётҳои ҳарбии Сомониён, Ғазнавиён, муғулҳо, Темуриён, Манғитиҳо ҳар лашкар парчами худро доштааст. Дар идомаи суханронӣ номбурда, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Иномзода Ҷӯра-дотсенти кафедраи тибби оилавии Донишгоҳ, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лаҳзаҳои ҳассоси қабули Прачами миллӣ дар рафти Иҷлосияи болозикр, ки ба 24-уми ноябри соли 1992 рост омада буд, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, Парчами миллиро ҳифзкунандаи воқеии пойдевори Истиқлоли давлатии кишвари мо маънидод намуданд.
Барномаи рангини таҳиянамудаи дастаи ҳунарии “Шифо” бо таронаҳои саршор аз муҳаббати ватандӯстивӣ ва эҳтиром ба Парчами миллӣ ба чорабинии зикргардида таровати тоза замм кард.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ
ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ