ҲИФЗИ ИТТИЛООТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ (ИНТЕРНЕТ)


ҲИФЗИ ИТТИЛООТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ (ИНТЕРНЕТ)

Дар ҷаҳони муосири бо суръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди соҳаҳои ҳаётро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ -коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Айни замон, воситаи аз ҳама серталаби муошират дар ҷомеа интернет буда, манбаъҳои иттилоотро ба монанди телефон, радио, телевизион, рӯзномаҳо, китобҳо ва ғайра ба ҳам муттаҳид менамояд. Интернет, аз як тараф, фазои иттилоотии инсонро васеъ намуда, аз тарафи дигар, мушкилоти зиёди ҳуқуқиро ба вуҷуд меоварад.

     Воқеан, яке аз муҳимтарин нишонаҳои рушди ҷомеаи иттилоотӣ пайдоиш ва густариши шабакаи умумиҷаҳонии “интернет” мебошад, ки дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсоният дигаргуниҳои ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Дар ин хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки «Мо дар замоне ҳаёт ба сар мебарем, ки воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи ҷаҳонии интернет дар ташаккулу танзими афкори ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Яъне дар замони муосир касе, ки иттилоотро идора карда метавонад, имкон дорад дар идоракунии афкори ҷомеа низ муваффақ бошад».

      Бе шубҳа, тайи солҳои охир шабакаи интернет яке аз воситаҳои хеле муҳими пешбурди фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гардидааст.

    Ба андешаи олими рус А.В. Григорев шабакаи иҷтимоӣ онлайн-платформае мебошад, ки барои муошират, шиносоӣ, гӯш кардани мусиқӣ, тамошои видео, кор, мубодилаи намудҳои гуногуни иттилоот байни корбарон пешбинӣ шудааст. Ин платформаест, ки худи корбарон мазмун ва мундариҷаи онро эҷод мекунанд. [1]

Боиси зикр аст, ки шабакаҳои мухталифи иҷтимоие дар фазои иттилоотӣ ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусиятҳои ба худ хоссе мебошанд. Агар аз як ҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ иртибот ва муошират байни одамонро таъмин намоянд, аз ҷониби дигар сарчашмаи тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ ва ҳамчун унсури таъсиррасон ва тарғибу ташвиқ дар равандҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа васеъ истифода мегарданд. Дар замони имрӯза давлате нест, ки шаҳрвандонаш истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд. Айни замон, як қатор шабакаҳои иҷтимое, ба монанди «Instagram», «Facebook», «Twitter», «Telegram», «WhatsApp», «Wechat», «TikТok», «Snapchat», «Pinterest», «Signal», «Youtube», «IMO», «В контакте», «Одноклассники», «Viber», «Мой мир», «Yandex: мой круг», «MYSPACE» ва ғайра мавҷуданд, ки ҳамарӯза шумораи зиёди шаҳрвандон бештари вақти худро дар фазои маҷозӣ мегузаронанд.

    Ҳар як шабакаи иҷтимоӣ талаб мекунад, ки ба он маълумот дар бораи корбари сабтиномшуда пешниҳод карда шавад. Агар шахс маълумоти воқеиро дар бораи худ, ҳамзамон ҳама гуна шакли иттилоотро пешниҳод кунад, пас ӯ ин маълумотро ба системаи иттилоотӣ ворид мекунад. Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» аз 10 майи соли 2002, №55 иттилоот ин маълумот дар бораи шахс, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо мебошад.

Дар робита ба коркарди маълумоти шахсии корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷониби роҳбарияти чунин ташкилотҳо ва инчунин худи корбарон зарурати ҳифзи маълумотҳо, яъне иттилоот ба миён меояд.

   Дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон мaсъaлaи иттилоот, ҳифз ва таъмини амнияти иттилоотӣ зaминaи мустaҳкaм доштa, дaр ин сaмт якчaнд сaнaдҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» аз 10 майи соли 2002, №55; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» аз 6 августи соли 2001, №40; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 2 декабри соли 2002, №71; Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, №401 тасдиқ шудааст, қабул гардидаанд.

     Яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки таъмини ҳифзи иттилоот ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии дар ин соҳа ба вуҷудомадаро муқаррар менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 2 декабри соли 2002, №71 мебошад. Тибқи моддаи 2 Қонуни болозикр ҳифзи иттилоот маҷмӯи чорабиниҳо, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ихроҷӣ, дуздӣ, гумкунӣ, нобудсозии беиҷозат, ғалат маънидодкунӣ, тағйирдиҳӣ (сохтакорӣ), нусхабардории беиҷозат ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот гузаронида мешаванд, мебошад. [5]

     Қонунгузор якчанд роҳҳои таъмини ҳифзи иттилоотро дар моддаи 13 Қонуни болозикр пешбинӣ намудааст:

- аз тарафи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ риоя намудани меъёрҳо, талабот ва қоидаҳои хусусияти ташкилӣ ва техникӣ дошта оиди ҳифзи иттилоот;

- истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор, таъмини барномавӣ ва дастгоҳӣ ва умуман воситаҳои ҳифз, ки ба талаботи муқарраршуда оиди ҳифзи иттилоот ҷавобгӯ мебошанд;

- ба ҷо овардани назорати ҳифзи иттилоот.

Ба андешаи Я. Шестякова бо мақсади ҳифзи иттилоот ва маълумоти шахсӣ аз ҷониби истифодабаранда – шахси воқеӣ истифодаи тавсияҳои зерин зарур аст: [2]

– саҳифаҳои иҷтимоиро дар шабакаҳо бе назорат гузоштан мумкин нест ва дар сурати истифода набурдани онҳо - нест кардани саҳифаи иҷтимоӣ ва маълумоти шахсӣ муҳим аст;

- қабул накардани дархостҳо аз саҳифаҳои қалбакӣ, зеро онҳо метавонанд барои дуздии маълумотҳои шахсӣ корбарӣ шаванд;

- истифодаи рамзҳои мураккаб;

- ҳангоми ворид шудан ба саҳифа дар шабакаи иҷтимоӣ насб кардани аутентификатсияи дуомила муҳим аст;

- маълумоти махфиро мубодила кардан мумкин нест ва бо ҳамаи бандҳои созишномаи корбар шинос шудан муҳим аст, зеро бисёре аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчун соҳибони саҳифаҳо, ҳуқуқ доранд маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм-тарафҳо фурӯшанд.

   Ҳамин тариқ, бо дарназардошти он ки дар ҷаҳони муосир шабакаҳои иҷтимоӣ дар заминаи рақамикунонии иқтисодиёт ва ҷомеа яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамоянд, барои идоракунии ҳифзи маълумоти шахсии корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, қабули тавсияҳо, усулҳо ва воситаҳои гуногун оид ба таъмини ҳифзи иттилоот дар доираи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ мувофиқи мақсад мебошад.

mmk.tj


22.07.2024 507

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php