ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН


ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН

Сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор рафта, ин самти афзалиятнок дар рушди иқтисодиёти кившарҳо нақши муассир мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати нотакрор, обҳои ширину шифобахш, мавзеҳои дилфиреб, кӯҳҳои барфпӯш ва ҷойҳои таърихӣ қалби миллионҳо сайёҳҳони ҷаҳонро мафтун сохтааст. Ташкили хатсайрҳои нави сйёҳӣ, додани имтиёзҳои давлатӣ, такмили инфрасохтори соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизмтарасонӣ ба сайёҳон омили рушд кардани сайёҳӣ, махсусан, сайёҳии дохилӣ аз ҷумла, экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва ғайра дар Тоҷикистон гардид.

Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, бунёди инфрасохтори зурурии соҳавӣ ва таъмини шароити арзандаи истироҳат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуд ва имрӯз аз чунин шароити мавҷуда сайёҳони дохилию хориҷӣ ба таври васеъ истифода менамоянд. Тибқи маълумот, воридшавии сайёҳон ба Тоҷикистон аз 121 давлати ҷаҳон сабт шудааст.

Сайёҳони хориҷӣ ҳангоми сайёҳат бештар ба манзараҳои зебою тамошобоби мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, махсусан фарҳанг ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷик, меҳмоннавозӣ хурокҳои миллӣ ва боду ҳавои мусоиду ҳайвоноти нодираш таваҷҷуҳ доранд. Дар заминаи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи сайёҳӣ фаъолияти бахши хусусӣ густариш пайдо карда, шумораи меҳмонхонаҳо, хостелҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан, дар хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расонд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имконият ва зарфиятҳои бузурги табии сайёҳӣ метавонад бо ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, рушди сайёҳии дохилиро таъмин намояд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Хадамоти ректори Донишгоҳ


25.07.2024 717

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php