ВОХӮРӢ БО ХАТМКАРДАГОНИ ЗИНАҲОИ АСПИРАНТУРА, ДОКТОРАНТУРА PHD ВА УНВОНҶӮӢ
Санаи 31.01.2023 бо иштироки муовини ректор оид ба илму нашрия д.и.т., профессор Муҳаббатзода Ҷ.Қ., сардори шӯъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ н.и.т., дотсент Ализода С.Г. ва сардори Раёсати рушди кадрӣ Сафаров Б.А. бо хатмкардагони зинаҳои аспирантура, докторантура PhD, унвонҷӯӣ, ки синнашон то 40 сола буда, кормандони асосии Донишгоҳ мебошанд ва то ҳол рисолаҳои илмии худро ҳимоя накардаанд вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳалталаби саривақт омода ва ҳимоянамоии рисолаҳои илмӣ барои дарёфти унвонҳои илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи унвоннокии кормандон дар Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино муҳокима карда шуд. Ҳангоми вохӯрӣ бо хатмкардагони мазкур масъалаи дар кадом зина қарор доштани кори диссертатсионии онҳо муайян карда шуд.
Дар натиҷаи вохурӣ хулоса карда шуд, ки бо мақсади тақвияти унвоннокии Донишгоҳ дар оянда аз болои фаъолияти илмию эҷодии хатмкардагони зинаҳои аспирантура, докторантура PhD, унвонҷӯӣ, ки ҳанӯз рисолаи илмии худро ҳимоя накардаанд, назорат будра мешавад.
Ализода С.Г.
сардори шӯъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ