МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ


МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ

Имрӯз, 02.02.2023 дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки намояндагони мақомоти қудратию низомӣ, роҳбарият ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар робита ба масъалаҳои ошкори омилҳои мусоидаткунандаи ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, роҳҳои самараноки пешгирию муқовимат намудан ба он ва тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасон чорабинии маърифатию сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ба масъалаҳои роҳҳоии пешгирию муқовимат намудан ба терроризму экстремизм, оқибатҳои ҳуқуқию ҷавобгариҳо барои ҳамкорию шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ишораҳо шуд. Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар мамлакат “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мавриди амал қарор дорад ва самтҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Дар ҳақиқат, терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои зиддибашарӣ ҳамчун падидаҳои даҳшатбори хислати ҷаҳонигирифта мебошанд ва торафт шаклҳои гуногунро касб намуда истодаанд. Дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва афзоиши муташаккили таҳдидҳои фаромарзӣ осебпазирии ҷомеаҳо эҳсос мешавад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳон нишон медиҳанд, ки терроризм ва ифротгароӣ ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Чунин зуҳуроти номатлуби аср, яъне, терроризму ифротгароӣ метавонад ба сарнавишти ҳар миллате дар сайёра хатарҳои воқеиро дар ҳар шакл бештар созад.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино масъалаҳои макурро ба инобат гирифта, бо ҷалби мутахассисон ва намояндагони мақомоти қудратию низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Донишгоҳ пайваста бо донишҷӯён махфилҳо, корҳои тарғиботию фаъмондадиҳӣ оид ба оқибатҳои падидаҳои экстремизму терроризм ташкилу баргузор карда мешавад.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


5
4
3
2
1
02.02.2023 340

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php