ДАРСИ АМАЛӢ ДАР МТИК «СТОМАТОЛОГИЯ»
Санаи 01.02.2023 бо роҳбарии мудири Кафедраи стоматологияи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино н.и.т. Ёраков Ф.М. аз фанни стоматологияи муолиҷавӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 5-уми факултети стоматология дар ҳуҷраи фантомии МТИК «Стоматология»-и Донишгоҳ дарси амалӣ дар сатҳи касбӣ гузаронида шуд. Дар рафти дарси амалӣ донишҳои назарявии донишҷӯён аз ҷониби омӯзгор санҷида шуда, дар амалия татбиқ гардид, ки чунин тарзи кор ба мустаҳкам шудани донишу малакаҳои амалии донишҷӯён мусоидат менамояд. Дар дарси амалӣ баъзе мавзуъ ва масъалаҳои муҳим бо мубодилаи саволу ҷавоб мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ёраков Ф.М.
мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ