Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд


Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд

Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд, ки бештари онҳо вобаста ба ҷарроҳиҳои гуногун ва дорувориҳои зиддимикробӣ мебошанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф изҳор дошт, ки ҳар ихтирое, ки дар самти тиб ба амал меояд, дар тамоми маҷаллаҳои ҷаҳонӣ ба нашр расида, онро плагиат кардан номумкин аст.

«Ихтирооти аз ҷониби Донишгоҳ пешниҳодшуда вобаста ба ташхису табобат барои баланд бардоштани дараҷаи муолиҷаи беморон ва ҳамчунин паст намудани сатҳи беморӣ миёни аҳолӣ хизмат хоҳанд кард»,-афзуд ӯ.

Тазаккур дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ пурра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва дорои Сертификати мутобиқат мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилоти хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, имрӯз донишгоҳ бо кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Молдова, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Италия ва ғайра ҳамкории зич дорад.

Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки соли сипаригардида 2 созишномаи дуҷониба тамдид ва 12 созишномаи дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

«Ҷиҳати татбиқи шартномаҳои мазкур дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқоти илмӣ-амалии муштарак амалӣ карда мешаванд. Тибқи мубодилаи академӣ, дар давраи ҳисоботӣ 19 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати идомаи омӯзиш дар семестри баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба Академияи давлатии тиббии Ижевск равона карда шуданд»,-гуфт ректори донишгоҳ.


АМИТ «Ховар»


02.02.2023 218

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php