НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИ ТОҶИКИСТОН ба номи АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Имрӯз, 01.02.2023 дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки 61 нафар рӯзноманигорон аз воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2022 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ба таври муфассал оид ба фаъолият ва дастовардҳои Донишгоҳ дар соли 2022 ба рӯзноманигорон маълумот пешниҳод намуданд. Дар нишаст, аз ҷониби ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ қайд карда шуд, соли 2022 дар таърихи Донишгоҳи тиббӣ соли бобарору натиҷабахш арзёбӣ мешавад, зеро ки дар ин сол дар рушди таҳсилот ва илми тибби мо нақши босазо гузошта шуд. Бо ташаббус ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи тиббӣ соҳиби бинои муосири маъмуриву таълимӣ гардид, ки фазои таҳсилот, руҳияи кулли донишӯён ва профессорону омӯзгоронро сифатан баланд бардошт.
1 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд. Маврид ба қайд аст, ки бинои таълимию маъмурии навбунёди Донишгоҳ аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои таълими донишҷӯён ва фаъолияти маъмурият пешбинӣ шудааст. Дар бинои мазкур толори калони маҷлисӣ бо 1 ҳазору 600 ҷойи нишаст сохта шудааст. Бо бунёди бинои нави таълимию маъмурӣ дар Донишгоҳ 70 синфхонаҳои таълимии барҳаво бо ѓунҷоиши аз 20 то 30 ҷойи нишаст, толори компютерӣ бо 80 ҷойи нишаст, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ бо 250 ҷойи нишаст, 2 толори маҷлисӣ бо 80 ҷойи нишаст ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб муҳайё гардид, инчунин, дар бинои мазкур 6 кафедра ҷойгир карда шудааст.
Фаъолияти илмӣ ва таҳкими нерӯи инсонӣ, ки яке аз самтҳои фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ҳисоб меравад, тибқи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ ҷиҳати татбиқи Нақшаи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2030” ва “Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикстон ба номи Абуалӣ ибни Сино то соли 2025” корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Бо мақсади рушду инкишофи фаъолияти илмӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ дар Донишгоҳ 7 Шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла, як Шӯро (Д 737.005.01) дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва 6 Шӯрои дигар дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Солҳои зиёд профессорону олимони ҷавони Донишгоҳ ба озмоишгоҳҳои муосири тадқиқотӣ ниёз доштанд ва дар партави сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити муосири таълимиву тадқиқотӣ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ фароҳам гардидааст. Ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ қайд намуданд, ки рӯйдоди муҳими дигари Донишгоҳ ин оѓози марҳилаи нави рушди тадқиқоти илмӣ ҳисобида мешавад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ” таъсис дода шуд. Пажӯҳишгоҳ дар бинои таълимии Донишгоҳ воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 139 ҷойгир шудааст, айни замон дар ошёнаи якуми он корҳои таъмирӣ ба итмом расида, барои бунёди озмоишгоҳҳои муосир ва насби дастгоҳҳои пешқадам шароит фароҳам гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар баробари татқиқоти илмӣ дар ин пойгоҳ раванди таълим ба роҳ монда шудааст, ки 5 кафедраи фанҳои бунёдии тиббӣ фаъолият менамоянд. Дар қатори 5 кафедра, ҳамзамон озмоишгоҳи кишти селулаҳои бунёдӣ, озмоишгоҳҳои нави илмию таълимии бактериологӣ, иммунологӣ ва ташхиси молекулярӣ- морфологӣ, физиология, патологияи эндотелия, илмӣ-тадқиқотӣ (клиникӣ ва биохимиявӣ) ва синфхонаҳои нав бо 500 ҷойи иловагии нишаст барои таълиму корҳои илмии донишҷӯён, омӯзгорон ва олимони Донишгоҳ ташкил карда шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ба саволҳои зиёди рӯзноманигорон оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳ бо таҳлилҳои аниқ ҷавобҳои дақиқу қаноатбахш доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди илми тиб ва таҳким бахшидани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти босифат ва саҳм гузоштан дар рушду таҳкими соҳаи тандурустӣ пайваста талош менамоянд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мукаммалсозию мутобиқ намудани Барномаҳои таълимӣ, ҷараёни таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъмини таҳсилоти босифату муосир бо ҷорӣ намудани технологияи муосир ва усулҳои эътирофгардидаи сатҳи байналмилалӣ самти афзалиятнок муайян гардида, роҳбарият ва ҳайати професорону омӯзгорон барои замонавӣ гардидани системаи таҳсилот ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар натиҷаи мутобиқсозии Барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, системаи таҳсилоти Донишгоҳ муосир гардида, усулҳои ҷадид дар таълиму тарбия роҳандозӣ шудааст. Роҳбарияти Донишгоҳ баҳри таъмини таҳсилоти босифат ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълимдиҳӣ дар ҷараёни таҳсилот чораҳои иловагӣ андешида, аҳамияти бештар зоҳир менамояд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар таъмини таҳсилоти тиббию фармасевтӣ бо назардошти стандартҳои таҳсилоти милливу байналмилалӣ ҷиҳати омода намудани кадрҳои салоҳиятнок, ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва мусоидат дар инкишофи иқтидори кадрию илмии соҳаи тандурустии мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо рисолати худро иҷро намуда истодааст. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои таълимӣ, илмиву эҷодӣ ва табобатии худ боиси ифтихори миллати тоҷик гардидааст. Роҳбарияти Донишгоҳ бо назардошти иҷрои вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022 дар назди масъулони соҳаи маориф ва тандурустӣ гузоштанд, Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳро барои соли 2023 таҳия карда, ҷиҳати татбиқи он талош менамояд.
Ҳамин тавр, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷиҳати омода намудани кадрҳои донишманд, ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва мусоидат дар инкишофи иқтидори илмию кадрии соҳаи тандурустии мамлакат тамоми имкониятҳоро ба роҳ монда, рисолати худро дар назди давлату миллат иҷро намуда истодааст.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор
Ворисов Алишод сардори шуъбаи коргузории
Хадамоти ректор