НАҚШИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР РУШДИ ДАВЛАТ
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Мо-халқи тоҷик дар марҳилаи амалӣ намудани ормонҳои созанда, бунёду таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд қарор дорем. Ҳар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош меварзад дар ҷомеа шароите муҳайё созад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон воқеан амалӣ шаванд ва ҳар як аъзои он худро озод ҳис кунад, қобилият ва имкониятҳои воқеии ҷисмонӣ ва зеҳниашро пурра истифода бурда тавонад. Эътирофи силсилаи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла, озодии изҳори ақида, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, иштироки бевоситаи халқ дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ барои амалӣ намудани талаботи ҷомеаи комилан нав роҳ кушод ва пайдоиши унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин намуд. Маҳз, бо шарофати тадбирандешиҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳои роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шумораи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле афзуда, мақоми онҳо дар ҷомеа баланд гардид. Ҳамзамон, касбият ва усули корбарии онҳо бо дарназардошти манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа боло рафта, фаъолияташон нисбатан босифат ва натиҷабахш шуд. Нақши онҳо дар таъмини фаъолиятмандии қишрҳои гуногуни ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти шахсиву гурўҳӣ баҳри бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ дар Тоҷикистон беҳтар гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 20 солагии таъсисёбии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ба ҳамон андоза пеш меравад».
Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи аъзои фаъоли он дар баробари сохтору мақомоти масъули давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ба сифати унсурҳои фаъоли ҷомеа нақши арзанда доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи Манҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ин муддат роҳнамои воқеии ҷомеаи шаҳрвандии кишвар будаанд. Яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ин иштироки ниҳодҳои он дар омўзиш ва амалӣ сохтани барнома ва лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми демократӣ дар фаъолияти институтҳои муҳталифи иҷтимоӣ, сохторҳои идоракунии давлатӣ, тавсеаи шарикии иҷтимоӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти пурсамари ҳизбҳои сиёсӣ ва нақши муҳими созмонҳои ѓайридавлатӣ дар таъмини муҳити сулҳу созгори ҷамъиятӣ ва рушди нерўи инсонӣ хеле таъсиргузор мебошанд. Аз ин рў лозим меояд, ки барои боз ҳам рушду устувор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар қадамҳои созанда гузошта шаванд. Мо тоҷикон роҳ ва ҷойгоҳи худро дар минтақаву ҷаҳон муайян ва устувор кардаем, бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш ин Ватанро боз ҳам ободу зебо мегардонем.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор