ИДОРАКУНӢ ВА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Тағйир ва таҳаввулот дар дунёи илм ва технология дар ҷаҳони мутамаддини муосир ба кишварҳои қафомонда ва дар ҳоли рушд талаб ва тақозо менамояд, ки дар роҳи ислоҳоти соҳаи маориф ва боло бурдани сифати таҳсилот дар кишвари худ талош кунанд, зеро маориф аз калидитарин ниҳод дар рушди кишварҳои ҷаҳон маҳсуб мегардад. Тамоми дастовардҳои илмиву техникии башарият аз рушди устувори соҳаи маориф сарчашма гирифта, маърифат ва зеҳни баланди илмиву техникии кишварҳо ва халқиятҳои дунё кафили саодати онҳо дар тамаддуни муосири ҷаҳон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ дар самти рушди маориф, маърифатнокии насли ҷавон, таҳкими пояҳои донишҳои муосир, бунёди донишгоҳу донишкадаҳои замонавӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ диққати махсус медиҳад. Дар инҷост, ки ҳоло вазъи илмиву техникии ҷаҳон ва тағйиру такомули густурда дар соҳаи илму маориф ба ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бознигарӣ ба натиҷа ва дастовардҳои илмиву техникиро тақозо менамояд, то масъалаи татбиқи илм дар истеҳсолот ва ҳолати сифати таҳсилот ба шакли воқеъӣ ба ҷомеъа ироа гардад. Дар инҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи идоракунии сифати таҳсилот қабул гардидааст, он таҳия ва татбиқи чунин мамўи чорабиниҳост, ки имконият фароҳам меоварад, то ба таври самаранок хизматрасониҳои таълимӣ ба сатҳи сифатнокии баланд расонида шавад ва мувофиқати натиҷаҳои таҳсилотро бо талаботи истифодабарандагони он таъмин созад.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар омода намудани муттахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди илми тиб ва таҳким бахшидани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти босифат ва саҳм гузоштан дар рушду таҳкими соҳаи тандурустӣ пайваста талош менамояд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мукаммалсозию мутобиқ намудани Барномаҳои таълимӣ, ҷараёни таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъмини таҳсилоти босифату муосир бо ҷорӣ намудани технологияи муосир ва усулҳои эътирофгардидаи сатҳи байналмилалӣ самти афзалиятнок муайян гардида, роҳбарият ва ҳайати професорону омӯзгорон барои замонавӣ гардидани системаи таҳсилот ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар натиҷаи мутобиқсозии Барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, системаи таҳсилоти Донишгоҳ муосир гардида, усулҳои ҷадид дар таълиму тарбия роҳандозӣ шудааст. Роҳбарияти Донишгоҳ баҳри таъмини таҳсилоти босифат ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълимдиҳӣ дар ҷараёни таҳсилот чораҳои иловагӣ андешида, аҳамияти бештар зоҳир менамояд. Дар Донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва низоми кредитии таълим ба роҳ монда шудааст. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои зиёди судманд анҷом дода шуд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар таъмини таҳсилоти тиббию фармасевтӣ бо назардошти стандартҳои таҳсилоти милливу байналмилалӣ ҷиҳати омода намудани кадрҳои салоҳиятнок, ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва мусоидат дар инкишофи иқтидори кадрию илмии соҳаи тандурустии мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо рисолати худро иҷро намуда истодааст. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои таълимӣ, илмиву эҷодӣ ва табобатии худ боиси ифтихори миллати тоҷик гардидааст. Роҳбарияти Донишгоҳ бо назардошти иҷрои вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022 дар назди масъулони соҳаи маориф ва тандурустӣ гузоштанд, Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳро барои соли 2022 таҳия карда, ҷиҳати татбиқи он талош менамояд.
Бо дарки воқеъиятҳои самти илму маориф, тандурустӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони ниҳодҳои дахлдори давлтӣ вазифадоранд, ки дар раванди қабул ва татбиқи барномаҳои таълимӣ дар соҳа аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода карда, талош намоянд, ки дар раванди пуртуғёни рушди илму маориф, тандурустӣ ва технологияи пешрафтаи ҷаҳон Тоҷикистон дар канор намонад.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор