ПАЁМ: ИМТИЁЗУ САБУКИҲОИ АНДОЗИЮ ГУМРУКӢ БА СОҲИБКОРОН
Дар моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
«Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.
Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».
Ташаккулёбии гумруку фаъолияти гумрукиро ба пайдоиши давлатҳо, сарҳадоти онҳо ва ташкили бозорҳои дохиливу хориҷӣ нисбат медиҳанд. Фаъолияти самаракони гумрукӣ яке аз манбаъњои асосии рушду инкишофи иқтисодиёти ҳар як давлат маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук ва иштирокчии конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти гумрукиро дар мамлакат фароҳам оварда, дар пайи татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи хориљии «Дарҳои кушода» ва бо мақсадаи ба роҳ мондани ҳамкорҳои зичу мутақобилан судманд бо давлатҳои ҷаҳон ҷиҳати рушду таҳкими иқтисоди миллию давлатӣ тадбирҳои заруриро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст. Дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегарданд ва таҳким меёбанд. Мавҷудияти пойгоњи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои мамлакатро таъмин менамояд. Дар мамлакат Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои фаъолияти гумрукии кишварро ба танзим медароранд мавриди амал қарор доранд. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти гумрукро муайян намуда, ба ҳимояи истиқлолият ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти давлатӣ ва аз ҷониби онҳо риоя намудани ӯҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудааст.
Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия шуда, аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти мамлакат мебошад, барои ғанӣ гардонидани буҷети мамлакат, фаъолгардонии соҳибкорӣ ва тиҷорат, инчунин, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз василаҳои муҳими истифодаи шаклҳои гуногуни назорати гумрукӣ буда, марҳила ба марҳила инкишофу мустаҳкам карда мешавад. Тибқи қонунгузории амалкунанда танзими гумрукӣ аз муқаррар намудани тартиб ва қоидаҳое иборат мебошад, ки шахсон ҳангоми риоя намудани онҳо ҳуқуқи аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиётро амалӣ менамоянд. Танзими гумрукӣ мувофиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Фаъолияти гумрукӣ бошад, маҷмӯи усулҳо ва воситаҳои таъмини риояи тадбири танзими гумрукию тарифӣ, мамнӯият ва маҳдудиятҳоеро дар бар мегирад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста бо интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ муқаррар шудааст.
Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои калидӣ дар самти ғанӣ гардондани Буҷети давлатӣ маҳсуб меёбад ва дар самти танзими фаъолияти иқтисоди хориҷии мамлакат нақши муҳим дорад. Дар шароити имрӯзаи рушди иқтисоди бозоргонӣ ба зиммаи Хадамоти гумрук танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гузошта шудааст, ки аз кори он инкишофи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, густариши соҳибкорӣ, аз ҷумла, тиҷорати хурд ва миёна вобастагии қавӣ дорад.
Мутобиқи талаботи моддаи 38-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти амалияи байналмилалии системаи таснифоти қабулгардидаи мол тасдиқ карда мешавад. Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои андешидани тадбири танзими гумрукию тарифӣ ва ғайритарифӣ, инчунин, намудҳои дигари фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, пешбурди омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
Мақомоти гумрук дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошанд. Маҳалҳои дигари ҷойгиршавии мақомоти гумрукро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо назардошти ҳаҷми муомилоти мол ва шумораи мусофирон, суръати рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷии минтақаҳои алоҳида, талаботи ташкилотҳои нақлиётӣ, содиркунандагону воридкунандагон, дигар иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муайян менамояд.
Амалиёти гумрукӣ - амалҳои алоҳида нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби шахсон ва мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт иҷро карда мешаванд. Барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт бевосита дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти гумрук, воҳидҳои сохтории он ва дигар маҳалҳои дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда анҷом дода мешавад.
Дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми андозҳо муқаррар шудааст, яъне, андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, ки мақомоти гумрук вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меситонанд, инчунин, андозҳои дохилӣ, янъе, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ҳангоми муомилоти мол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 23-юми декабри соли 2022 таъкид намуданд, ки «Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.
То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст».
Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрук серсоҳа буда, аз масъалаҳои мубориза бар зидди қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, содироти арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии халқҳо, анҷом додани назорат аз болои содироти маводҳои стратегии барои ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва набототи муҳити зист зарарнок иборат мебошад.
Мутобиқи меъёрҳои Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гумрук дар таҳияи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ин сиёсатро амалӣ менамояд. Мақомоти гумрук дар баробари риояи қонунгузориҳои гумрук ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки назорати иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти гумрук гузошта шудааст, инчунин, ҳуқуқу манфиати давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҳимоя мекунанд.
Ҳамчунин, дар доираи салоҳияти худ бар зидди қоҷоқ ва дигар ҷинояткориҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мубориза мебарад, ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, яроқу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, арзишҳои фарҳангӣ, маводи радиоактивӣ, намудҳои ҳайвоноту набототе, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид менамояд, узв ва маҳсули (дериватӣ) онҳо, объектҳои моликияти зеҳнӣ, дигар молро пешгирӣ менамояд, ба муборизаи зидди терроризми байналмилалӣ ва пешгирӣ кардани дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон меандешанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили хавфҳои коррупсиониро дар мақомоти гумрук мегузаронад, муқовимат ба экстремизмро ба воситаи пешгирии ҳолатҳои аз сарҳади гумрукӣ интиқол додани маводи экстремистии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва дигар вазифаҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд.
Риоя нагардидани талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба ҷиноят оварда мерасонад. Шаҳрвандон бояд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд, зеро дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият боло мебарад. Барои вайрон намудани талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонунгузории амалкунандаи мамлакат ҷавобгариҳо муқаррар шудааст.
Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии мамлакат, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ идомаи фаъолияти пурмаҳсулро талаб менамояд. Заминаи боэъдимоди ҳуқуқии соҳа ва татбиқи самараноки онҳо имкон фароҳам меорад, ки барномаҳои давлатии рушди мамлакат амалӣ гашта, Тоҷикистон чун давлати рақобатпазири иқтисодӣ дар ҷаҳон шинохта шавад.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор