ҒАМХОРӢ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ЗАНОНУ БОНУВОН ВА САҲМИ ОНҲО ДАР РУШДИ ҶОМЕА


ҒАМХОРӢ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ЗАНОНУ БОНУВОН ВА САҲМИ ОНҲО ДАР РУШДИ ҶОМЕА

Истиқлоли давлатӣ барои рушди бемайлони тамоми сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам овард, аз он ҷумла, давоми ин солҳо ҷиҳати донишомӯзию касбандузӣ ва баланд бардоштани мавқеъи бонувон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд. Ҳамин аст, ки занон дар рушди тамоми соҳаҳо саҳми зиёд доранд. Имрӯз зан табиб, зан соҳибкор, зан муҳандису иқтисодчӣ, ҳуқуқшиносу тарроҳ ва дар вазифаҳои роҳбарикунанда соҳибмақом аст. Бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занону бонувон дар ҷомеа мақоми хоса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати занону бонувонро қадр намуда, андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро дарк карда, дастгирӣ менамоянд. Иштироки фаъолонаи занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад. Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди ҷавонон, аз ҷумла, занону бонувон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозӣ ва ҳифзу тарғиби фарҳангу тамаддуни волои тоҷиконаро пеш гузошт. Дар баробари ин, дар мамлакат баҳри рушди маҳорати касбӣ ва зиёд намудани иштироки бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, ки масъулияти зиёдро талаб менамояд, лоиҳаи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030 пешниҳод гардидааст ва барои рушди устовори фаъолияти занон равона мешавад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад, зеро зан ва бонуи маърифатнок ҷомеаро тарбият менамояд.

Чеварӣ ё худ тарроҳию дӯзандагӣ аз зумраи   ҳунарҳоест, ки дар ҳама давру замон талаботи бештари аҳолиро таъмин мекунад ва бо омӯхтани нозукиҳои он тарроҳон метавонанд, ҳунари миллии худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд. Дар мамлакат зиёд гардидани коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ аз як ҷиҳат дар таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ замина гузорад, аз ҷониби дигар боиси зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани занону бонувони хонашин мебошад. Бо иқдомҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат грантҳо ва лоиҳаҳои гуногуни давлатӣ барои рушди фаъолияти занону бонувон пешниҳод шудааст, ки ин ба зиёд гардидани корхонаҳои истеҳсолӣ дар мамлакат мусоидат карда, ба рушди ҳунарҳои миллӣ замина мегузорад. Занону бонувони ҳунарманд бо мақсади ба роҳ мондани лоиҳаҳои марбут ба соҳа ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои дӯзандагиву қаннодӣ ва дигар ҳунарҳо ҳамасола тариқи грантҳо дастгирӣ меёбанд. Ин омил агар аз як тараф барои рушду такоммули соҳа мусоидат кунад аз тарафи дигар боиси ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани ҷавондухтарон мегардад.

Ҳамин тавр, занон ва бонувони тоҷик бо тарбияи фарзандони оқилу ватансоз, дарки масъулият дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаанд.

 

Шукуров Қиёмиддин

мутахассиси пешбари Хадамоти ректор


29.09.2022 476

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php