НАҚШ ВА МАҚОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР


НАҚШ ВА МАҚОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Дар кафедраи таълими бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 27-уми сентябри соли 2022 аз ҷониби ассистенти тарбиявӣ Ашурова Н.П., дарси кушод дар мавзӯи “Нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ гурӯҳҳои 2-юм ва 34-ум гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи 34-ум Раҷабова Дилноза, Юсупов Меҳтоҷиддин ва Юсуфшоева Дилнора пурмазмун пешкаши ҳамагон намуданд.

     Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалии мамлакат давраи нав сар шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро бисёр давлатҳои чаҳон шинохтанд ва бо кишвари мо муносибатҳои дипломати барқарор карданд.

   Доир ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон аз нигоҳи илми қайд кардааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуѓрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манфиатҳои иқтисодиаш ба панҷҳавзаи сиёси дохил мешавад.

    Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба суйи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботини дорад. Ҳавзаи дувум Осиёи Маркази аст, ки рушди ҳамкории минтақавӣ ва муттаҳидсози имконоти иқтисодии кишварҳои қаламрави он ба манфиати кулли давлатҳо ва мардумони ин минтақа аст. Ҳавзаи сеюм фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ба ягон иттиҳоди муштараки сиёси ё иқтисоди нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихи ва динию фарҳанги, балки дурнамои воқеи рушди милли ба ҳам ҷазб мекунад. Ҳавзаи чаҳорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину оин ва суннатҳои руҳони, балки имконият ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад. Ниҳоят, ҳавзаи панҷум – ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва оҳиставу пайваста ба суйи тамаддуни умумибашари роҳ мепаймояд”. (7 соли Эмомали Рахмон. – Душанбе, 2013. – с.274-275).

    Дар асри XXI мақоми тафаккури нави сиёси торафт афзуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи он фаъолона иштирок менамояд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони чун давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба таври расми шинохта шудааст. Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи зиёда аз 200 давлати ҷаҳон эътироф карда шуд ва бо 95 давлати дунё муносибатҳои сиёсию иқтисоди барқарор гардид, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти беш аз 40 ташкилоти байналмилалӣ пазируфта шуд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки обрую эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ рӯз аз рӯз боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст.


Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


28.09.2022 426

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php