Семинари «ҒИЗОИ СОЛИМИ НАВЗОДОН, КӯДАКОН ВА МОДАРОН»


Семинари «ҒИЗОИ СОЛИМИ НАВЗОДОН, КӯДАКОН ВА МОДАРОН»

Аз 20 то 25 сентябри соли 2022 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи No2 Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дотсент Давлатова С.Н. ва дотсенти кафедра Юсупова М.А дар семинари «Ғизои солими кӯдакони навзод, кудакон ва модарон» иштирок намуданд. Семинар дар бинои меҳмонхонаи «Серена», дар доираи лоиҳаи GIZ «Беҳтар намудани ғизои модарон, навзодон ва кӯдакон дар деҳоти Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкории иқтисодии Олмон ва Рушд (BMZ) баргузор гардид Дар лоиҳа 27 нафар донишҷӯён бо фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷ.А.: мудирони кафедраҳои педиатрия, акушерӣ ва гинекология, тибби оилавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, мудирони муассисаҳои дахлдор, инчунин ассистентҳо, мудирони шуъбаҳо, духтурҳо ва ҳамшираҳои шафкат иштирок намуданд.

Барнома аз даҳ модул иборат аст:

• Модул. Малакаҳои байнишахсӣ / Машварат ва Муошират Тағйир додани рафтор

• Модул. Асосҳои ғизои оқилона

• Модул. Ғизо барои занон

• Модул. Синамаконии истисноӣ

• Модул. Ғизо барои кӯдакони 6-24 моҳа: хӯрокҳои иловагӣ

• Модул. Ғизо барои кӯдакони аз 24 то 59 моҳа

• Модул. Рушди ҷисмонӣ ва психомотории кӯдакон дар 5 соли аввали ҳаёт

• Модул. Ғизо барои кӯдакони аз 6 то 10 сола (синни мактабии ибтидоӣ)

• Модул. Ғизои наврасон - кӯдакони синни синни томактабии аз 11 то 19 сола

• Модул. Камғизоӣ дар занон

 

Машғулиятҳоро тренерони ботаҷриба бо истифода аз супоришҳои вазъиятӣ ва мисолҳои зиёд гузарониданд, ва иштирокчиён имкони гузаронидани бозиҳои нақшбозиро доштанд.

Дар охири семинар ба ҳамаи иштирокчиён модули таълимии ҳамгирошуда ва дастури таълимӣ, инчунин маълумот ба васоити электронӣ дар шакли видеои кӯтоҳи омӯзишӣ оид ба ин мавзӯъ бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) дода шуд. Пас аз хатми курс ҳамаи шунавандагон сертификати иштирок дар семинар гирифтанд.

 

Мудири кафедраи бемориҳои

кӯдаконаи №2 МДТ ДДТТ

дотсент      Давлатова С.Н.


28.09.2022 362

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php