Муқаддасоти миллӣ


Муқаддасоти миллӣ

    Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 24 сентябри соли 2022 аз ҷониби ассистенти таълимӣ- Касимова П.В. дарси кушод дар мавзӯи : “Муқаддасоти миллӣ” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёнии курси 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯи гурӯҳи 17 Ҳусейнов Маҳмадхуҷа пешкаш намуд.

ПАРЧАМ-ЯКЕ АЗ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ



Дар таърихи тӯлонии худ, инсоният вобаста ба шароиту ҳолатҳои гуногун ва саъю кушиш рамзҳои зиёдеро эчод кардааст. Ва гуфтан мумкин аст, ки дар ин миён парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта таърихи дерину рангинтареро дорост. Истифодаи онро, таърихнигорон ҳанӯз дар солҳои то милод собит намудаанд. Богузашти давру замон парчам ҳамчун рамз мавқеяшро он чунон мустаҳкам кардааст, ки имрӯз ҳеч як давлатеро бидуни он тасаввур кардан номумкинаст.

    Парчам дар саросари ҷаҳон чун рамзи маъруфу бостонӣ буда, бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ маъруфу машҳур гашта аст. Парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерубахши ҳидоятгари сарбозон ба ба пирӯзӣ будааст. Фориѓ аз сафкашию ҳарб парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорату ҳимоят мешуд ва ин анъана то имрӯз боқист.

Мусалламаст, ки парчам аз қадим барои халқи тоҷик ҳамчун нишонаи ҷавонмардиву тавоноӣ ва ҷоннисории халқ баҳри ободии давлат эътироф шудааст. Аввалин маротиба парчам дар ҶШС Тоҷикистон соли 1929 қабул шудааст. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ин рамзи давлатӣ то соли 1992 панҷ маротиба дар шаклҳои гуногун қабул шудааст. Бори охирон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ–Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, тарҳу намуди Парчами давлати Тоҷикистон ва ниҳоят «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24-ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикитон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ—Парчами давлатӣ гардид.

    Аз ин рӯ, ҳамасола дар саросари кишвар ин рӯз ҳамчун ҳамчун Рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. 24-уми ноябри соли 2009 дар Ҷумҳури Тоҷикистон Рӯзи парчами миллӣ ботантана дар саросари кишвар ҷашн гирифта шуда, ки дар шаҳри Душанбе бахшида ба ин рӯз боташаббуси Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо аст, ки бо шарофат ва дасгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар канори рости Қасри Миллат бурҷи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, ки баландии сутуни он 165 метр буда, дарозии матои он 60 ва бари он 30 метро ташкил медиҳад. Бузургӣ, шаҳомат ва баландии парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкондод, ки он ҳамчун балантарин парчам дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф карда шуда, ба китобҳои рекордҳои Гинес баландтарин парчам дар ҷаҳон ворид карда шавад.

  «Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи халокат раҳо бахшидааст.

Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад

Нишони Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 пазируфта шуда, бар асоси Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 891-и Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.

Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл гузошта мешавад

а) дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои намояндагиҳои дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо (ҳукуматҳо), шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), инчунин дар хонаҳо (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар биноҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва биноҳои бақайдгирии тантанавии таваллуд ва ақди никоҳ;

в) дар мӯҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқи дар мӯҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳо ҷой додани тасвири Нишон дода шудааст;

г) дар нашрияҳои расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар шиносномаҳои дипломатӣ ва дигар шиносномаҳое, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд;

е) дар сутунҳои марзӣ, ки дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои ҳатман тасвир намудани тарҳи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ карда метавонад.

Ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳамин Низомнома номбар шудаанд, ҳуқуқи истифодаи тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фақат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода метавонад.

3. Таҷдиди тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз андозаҳояш, ҳамеша бояд дақиқан ба асли тарҳи ранга, сиёҳу сафед ва андозаи тасвири Нишон, ки ба ҳамин Низомнома замима мешавад, мутобиқат намояд.

4. Тартиби тайёр кардани тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри оммавии тасвири Нишон, тартиби истифода, нигоҳдорӣ ва нест кардани мӯҳре, ки дар он Нишони давлатӣ тасвир ёфтааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

5. Ашхосе, ки дар таҳқир кардани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

СУРУДИ МИЛЛӢ

 
    Суруди миллӣ ё Суруди давлатӣ — яке аз рамзҳои расмии, миллии ва давлатии кишвар мебошад, дар баробари парчами ва нишони кишвар. Суруди миллӣ мусиқаю оҳанг ва матн дорад. Асосан дар маросимҳои расмии кишвар, ҳамчунин дар маросимҳои миллӣ ва давлатӣ, дар мусобиқаҳои варзишӣ ҳам истифода мешавад.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1994, №17-18, мод.306)

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Таҳрири нави матну оҳанги Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар шеъри Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои саросарии Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ин Қонун тасдиқ гардидааст, аз 7 сентябри соли 1994 ҷорӣ карда мешавад.
3. Фармони Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 4ноябри соли 1977 "Дар бораи таҳрири нави матни Гимни РСС Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, 1977, № 23, моддаи 245) беэътибор дониста шавад.

Раиси Шӯрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
шаҳри Душанбе, 7 сентябри соли 1994

 


Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона    


28.09.2022 6933

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php