Фаъолияти самарaноки ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино бо назардошти имкониятҳои наву муосир
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни паёмҳову вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бармеоянд, инчунин, қарору фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон ва раёсати Донишгоҳро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқотҳои илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ як қатор чорабиниҳои судмандро амалӣ намудааст.
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷаҳонишавии таҳсилот, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилотро ба назар гирифта, ба мукаммалнамоии барномаҳои таълимӣ тибқи стандарҳои муосири давлативу байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави омӯзиш ва баҳогузории сифати таҳсилот, инкишофи шахсиву касбии ҳар як корманд, рушди корҳои илмиву инноватсионӣ ва татбиқи мукаммалкунии пояи моддию техникии Донишгоҳ, роҳандозии усулҳои банақшагирии стратегӣ ва идоракунии системавӣ аҳамияти махсус дода, самтҳои афзалиятноки фаъолиятро муайян намудааст. Бо назардошти ин, «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино то соли 2025» таҳия ва қабул гардида, дар самтҳои афзалиятнок корбарӣ шуда истодааст. Вазифаҳои аввалиндараҷа ин пурзӯр намудани пойгоҳи моддиву техникӣ ва технологӣ, интегратсияи фаъолияти таълимӣ, илмию инноватсионӣ, кори табобатӣ ва нуфузи байналмилалӣ пайдо намудани Донишгоҳ ва кормандони он дониста мешаванд. Имрӯз 13 504 нафар муҳассилин дар Донишгоҳ ба тадрис фаро гирифта шудаанд. Дар Донишгоҳ таҳсил бо се забон - давлатӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон дар Донишгоҳ 1977 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 20 давлати дунё таҳсил намуда истодаанд. Дар Донишгоҳ 5 факултет: тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва 59 кафедра, аз ҷумла, 35 кафедраи клиникӣ, 16 кафедраҳои тибби назариявӣ фаъолият мекунад. 35 кафедраи клиникии Донишгоҳ дар пойгоҳҳои 27 массисаи тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ аз рӯйи 5 ихтисос: «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд. Дар Донишгоҳ аз рӯи 40 ихтисос тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ – таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос-PhD ва докторантура ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ такмили ихтиос, бозомӯзии касбӣ ва ихтисосгирии аввалия аз рӯи риштаҳои мухталифи илми тиб ба роҳ монда шудааст. Раванди таълим дар Донишгоҳ прра бо маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) таъмин буда, донишҷӯён аз китобхонаи Донишгоҳ адабиёти таълимӣ ва сарчашмаҳои илмиро ба пуррагӣ дастрас менамоянд. Фонди умумии китобхонаи Донишгоҳ дар соли 2022 693 ҳазору 668 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз он 444 273 нусха адабиёти чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 249 ҳазору 395 захираи электронӣ мебошанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мукаммалсозию мутобиқ намудани Барномаҳои таълимӣ, ҷараёни таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ барои роҳбарият ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъмини таҳсилоти муосир бо ҷорӣ намудани технологияи муосир ва усулҳои эътирофгардидаи сатҳи байналмилалӣ самти афзалиятнок муайян гардида, роҳбарият ва ҳайати професорону омӯзгорон барои замонавӣ гардидани системаи таҳсилот ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар натиҷаи мутобиқсозии Барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, системаи таҳсилоти Донишгоҳ муосир гардида, усулҳои ҷадид дар таълиму тарбия роҳандозӣ шудааст. Дар Донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва низоми кредитии таълим ба роҳ монда шудааст.
Маврид ба қайди хос аст, соли 2019 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва 3 барномаи таълимии он аз ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Стоматология», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа» дар ҷумҳурӣ бори аввал яке аз аввалинҳо шуда, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, аз ҷониби Ташкилоти мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ – НААР, ки шомили Ассотсиатсияи аврупоии кафолати сифат мебошад, сертификати мутобиқат дода шуд. Дар соли 2022 аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани боқимонда се Барномаи таълимии ихтисосҳои «Педиатрия», «Фарматсия» ва ихтисоси «Кори табобатӣ» барои донишҷмёни хориҷӣ ба нақша гирифта шуда буд, хушбахтона, дар моҳи марти соли 2022 онҳо низ аз ҷониби экспертони Агентии мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ – НААР аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, рӯзи 25-уми апрели соли 2022 аз ҷониби директори Агентии мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ – НААР ба Барномаҳои таълимии боқимондаи зикргардида сертификати мутобиқат дода шуд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Барномаҳои таълимии ихтисосҳои Донишгоҳ пурра (100%) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ карда шудаанд ва дорои сертификати мутобиқат мебошанд. Дар барномаҳои нав ба салоҳияти амалию муоширатии табибони оянда аҳмият дода шудааст. Барои донишҷӯён курсҳои таълимии алоҳидаи малакаҳои амалӣ ва муоширати клиникӣ ҷорӣ карда шудааст. Барои мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ ва истифодаи принсипҳои нав дар таҳияи онҳо Донишгоҳ дар лоиҳаи байналмилалии барномаи Эрасмус+ бо 11 Донишгоҳҳои тиббии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.
Бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон 28 апрели соли 2017 барои бунёди бинои маъмурї ва таълимӣ дар њудуди Маҷмааи нави таълимии шањраки Шифобахши Донишгоҳи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино санги асос гузошта шуд. Сохтмони бинои мазкур ба итмом расонида шуд.
Бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 апрели соли 2017 барои бунёди бинои маъмурӣ ва таълимӣ дар ҳудуди Маҷмааи нави таълимии шаҳраки «Шифобахш»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино санги асос гузошта шуда буд ва соли ҷорӣ аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ифтитоҳ гардид. Рӯзи дониш ва Дарси сулҳи имсола барои кормандону донишҷмёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино хотирмон буда, дар ин рӯз Бинои асосии нав, ки бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, ба истифода дода шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар рӯзи ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳ таъкид намуданд: «Бо қарори Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои давраи солҳои 2006-2015» қабул ва асосан амалӣ гардид. Вале бо сабабҳои гуногун яке аз вазифаҳои асосии барномаи зикршуда – таъсис додани клиникаи донишгоҳӣ иҷро нагардид. Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Донишгоҳ супориш дода мешавад, ки доир ба ташкили клиникаи муосири донишгоҳӣ, бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани он ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи таълим, таъмин намудани рушди илми тиб ва пайванди илму истеҳсолот чораҷӯӣ намоянд».
Дар суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора карда шуд, ки дар солҳои 2019-2020 ҳамаи биноҳои маҷмааи нави таълимии Донишгоҳ, ки дар шаҳраки «Шифобахш» ҷойгиранд, пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ ташкил ва ҳамаи кафедраҳо бо таҷҳизот ва дигар лавозимоти муосири тиббӣ таъмин карда шуданд. Соли 2021, бинои кафедраҳои соҳаи кимиё ва кафедраҳои факултаи фарматсевтӣ азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, ба Маркази фарматсевтӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ табдил дода шуд. Ҳадафи мо аз фароҳам овардани шароити мусоиди таълим аз он иборат аст, ки Донишгоҳ тавонад, дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар саҳми бештар гузорад. Ҳамчунин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон бахшид ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ қайд намуданд: «Дар баробари ин, зарурат пеш омадааст, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар ин самти муҳимми соҳаи тандурустӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани таҳлилҳои вирусологӣ, генетикӣ, иммунологӣ ва микробиологӣ дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ таъсис дода шавад. Таъсиси Пажӯҳишгоҳ на танҳо ба рушди илмҳои бунёдӣ, балки бо истифодаи технологияҳои муосири тиббӣ фароҳам овардани шароит барои хизматрасонии босифати озмоишгоҳӣ ва омода кардани мутахассисони ин соҳа мусоидат менамояд. Ҷойгир кардани Пажӯҳишгоҳи мазкур дар бинои собиқаи Донишгоҳ, ки ҳоло озмоишгоҳи ҳуҷайраҳои бунёдӣ, панҷ кафедраи тибби назариявӣ ва озмоишгоҳи марказии таҷрибавӣ дар он қарор доранд, мувофиқи мақсад мебошад».
Дар бинои навбунёди иборат аз 10 ошёнаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино раёсат ва 6 кафедраи Донишгоҳ ҷойгир мебошанд. Бинои мазкур дорои толори маҷлисгоҳ барои 1600 ҷои нишаст, толорҳои лексионӣ, 67 синфхона бо 1440 ҷои нишаст, 4 озмоишгоҳи таълимӣ, маркази омӯзиши симулятсионии муосиртарини муҷаҳҳаз бо Стансияи Ёрии таъҷилӣ ва 24 ҳуҷраи кории кормандони таълимӣ ва маъмурӣ мебошад. Ба истифода додани Бинои асосии нави Донишгоҳ дар шаҳраки «Шифобахш», ки бо таҷҳизоти замонавии таълимиву тахассусӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ҷиҳати беҳтар гардидани ҷараёни таълим ва сифати дарсомӯзии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Басо рамзист, ки дар тўли фаъолияти пурсамари беш аз 82 солаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ин махзани маърифат ба яке аз муассисаи олии касбии сатњи байналмилалї мубаддал гардида, бештар аз 46000 нафар табибону фармасевтони баландихтисосро тайёр кардааст, ки 65%-и он ба давраи соњибистиќлолии Тоҷикистон рост меояд. Ҳамчунин, Донишгоҳ 1634 нафар кадрњои илмиро барои соњаи тиб омода кардааст, ки аз онњо 228 нафар докторони илм ва 1406 нафар номзадони илм мебошанд. Ин раќамњо аз фаъолияти пурсамари Донишгоҳ шањодат медињад.
Њамин тариќ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар таъмини таҳсилоти тиббию фармасевтї бо назардошти стандартҳои таҳсилоти милливу байналмилалї ҷиҳати омода намудани кадрҳои салоҳиятнок, ҷавобгўй ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонї ва мусоидат дар инкишофи иқтидори илмию муолиљавии соҳаи тандурустии мамлакат тамоми талошҳоро ба роҳ монда, рисолати худро дар назди давлату миллат иҷро намуда истодааст.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор