Аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи тоҷик


Аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи тоҷик

Мустақил гардидани Тоҷикистон дар соли 1991 аз музаффариятҳои нахустини давлату миллат аст ва мебоист, ки халқи тоҷик ба таври озоду мустақилона ояндаи босаодатро замина мегузошт. Ояндае, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозаду вобастаи касе набошад. Мутаассифона, халқи тоҷик аввалин солгарди ин рӯйдоди муҳими таърихиро таҷлил накарда, кишвари азизи мо ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида шуд ва дар он сол хавфи ҳамчун давлати мустақил барҳам хурдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат пароканда шудани тоҷикон ба миён омад. Тозаистиқлолии Тоҷикистон бо мавҷуд будани вазъи номукаммали сиёсӣ, ки даргириҳо давом мекард, маҷрои аниқи роҳ ба сӯи рушд надошт. Вазъи тираву муноқишаҳои таҳмилшуда, фирефтасозиву миллатнестнамоӣ бори гаронеро бар сари хурду бузурги халқи тоҷик вогузор кард. Умеди ояндаи неке дар масири қалбҳо намонд. Вазъияти оташзаниву хунрезӣ то ҳад зиёд шуда, гуруснагӣ дар ҳоли авҷ буд ва халқи дар гирдоби ранҷ танҳо роҳбаре мехостанд, ки вазъиятро орому нигарониҳоро бартараф намояд. Соли 1992 Тоҷикистон ва мардуми тоҷик лаҳзаҳои бисёр ҳасосро аз сар мегузарониданд ва дар ин сол гурӯҳҳо қудрат гирифта, ҳар навъе аз талафотро анҷом медоданд. Гарчанде дар он замон Тоҷикистон қадам дар фазои тозаистиқлолӣ мегузошт, аммо ғубори ҷангу муноқишаҳои дохилӣ фазои соҳибистиқлолии давлатро тира мегардонд. Мардуми азияткашида дидагони умед ба сӯйи Қасри Арбоб дошт, қасре, ки оғози шоҳкориҳои эъмори давлати навини миллии халқи тоҷик мебошаду нафареро барои роҳбарии миллату давлат ба сари қудрат овардааст, ки имрӯз давлату миллати тоҷикро маъруфу машҳури дунё гардонидааст.

16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб баргузор гашт ва дар он шахсияте, ки тамоми ҳастияшро барои пешрафти давлату миллат бахшидааст, ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин шахсияти таърихӣ, фарзанди фарзонаи миллат, қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва пас аз интихоб гардидани ӯ ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 офтоби дурахшони фараҳмандӣ бар сари халқе, ки аз ранҷ хаста шудаву ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон умеде надошт, нурпошӣ намуд. Ҳайати Шӯрои Олӣ бо интихоби роҳбари нав ва қабули қонуну қарорҳо муваффақ шуд, аз худ масъулияти муҳими таърихӣ нишон дода, роҳи муайянро барои давлату миллат боз намуд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягонаи Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ, сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Бо шарофати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик аркони давлатдориро дар мамлакат барқарор намуда, пояҳои соҳибистиқлолии давлатиро қавӣ гардонид.

Барқарор намудани сулҳу оромӣ дар он вақт маънои идомаи ҳаёт ва бақои давлату Истиқлолиятро ифода менамуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шуданашон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як баромади кутоҳ, вале пурмазмуну умедворкунанда гуфта буд: «Тамоми донишу таҷрибаамро баҳри таъмини сулҳу салоҳ дар мамлакат сафарбар мекунам, ба Конститутсия, Нишону Парчам ва халқ содиқ мемонам, ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам. Мо бояд ҳама чун ёру бародар бошем, то ки кишвари азизамонро аз њама гуна хатарҳо эмин нигоҳ дорем».

Моҳияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки дар саҳнаи сиёсат ва фазои пурхатару ноором барои роҳбарии халқи тоҷик ҷавонмардеро овард ва ӯ исбот намуд, ки нақши Роҳбар, Сарвар ё худ нақши инсон дар таъриху дар ҷараёни дигаргунсозии ҳаёт ниҳоят бузургу арзишманд мебошад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд: «То тинҷию амонӣ нашавад, то фарди охиринро аз дигар давлат мо барнагардонем, ман худро ором ҳис намекунам». Ин ҳадафи олии миллатсарҷамънамоӣ амалӣ гардид.

Самараҳои Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои шоёну беҳамтои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ватани азизамон ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои халқи тоҷик ниҳоят зиёданд. Солҳо мегузаранд, аммо аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи мо абадан боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳақиқат, бо шарофати самараи шаҳдбори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо такя ба хиради азалии миллати хирадсолор ва дарки томи масъулияти ватандорию хештаншиносӣ мардуми сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому эътибори Тоҷикистони сулҳмеҳвар дар арсаи ҷаҳон устувор гардид. Корнамоиҳои Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёду арзишманданд. Бозгардонии зиёда аз як миллион гуреза, қабули қонуну қарорҳои наҷотдиҳандаи миллат, раҳоии мамлакат аз муҳосираи сиёсиву иқтисодӣ, барқарорсозии харобиҳои ҷанг, ба сулҳу ваҳдат расонидани миллати пароканда ва амалӣ намудани ормонҳои нуҳуфтаи халқи тоҷик бо талошу корнамоиҳои Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Бо гузашти солҳо моҳияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк шуда, халқ ва ҷавонон ба шоҳкориҳокунандагони он таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузоранд.

Заминаи дигари муҳиму ояндасози Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарору таҳкими Истиқлолу озодӣ, иттиҳоду ҳамбастагии миллат ва ҷавонон мебошад. Истиклолу озодӣ барои ҳар як миллат бузургтарин падидаи маънавию сиёсист. Иттиҳоду ҳамбастагӣ имкон фароҳам овард, ки мардуми сарбаланди тоҷик дасти ҳам гирифта, ояндаро бунёд намояд.

Аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат бо шарофати азму талошҳои дурандешонаи сарварии оқил, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии азизамон ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид. Дастовардҳои халқи тоҷик обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ба маротиб афзуд. Бунёди нерӯгоҳҳои азим, корхонаҳо, нақбҳо, муассисаҳои гуногуни таълимӣ, таъмиру азнавсозии хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо, пулҳо ва ғайра намунаи музаффариятҳои соҳаи иқтисодии кишвар дар ин солҳост. Тоҷикистон чор ҳадафи асосиро баъди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ пеш гирифт, ки инҳо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар буда, марҳила ба марҳила дар иҷрои он муваффақ мегардад. Арҷгузорӣ ба Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозёфти он ки то ба имрӯз на танҳо барои саодати мардуми Тоҷикистон, балки барои саодати тамоми башарият хизматҳои бемислу монанд кардааст, рисолати мо тоҷикону тоҷикистониён аст. Иҷлосияи тақдирсоз барои рушди ҳаёти ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам овард ва имрӯз нақши ҷавонон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ хеле арзишманд аст.

Ҳамин тавр, мардуми тоҷик ба арзишҳои миллӣ, сулҳу Ваҳдат ва Истиқлоли давлатӣ эҳтиром мегузоранд ва дар асоси ин дастовардҳои муқаддас дар ҷодаи ободкорию созандагӣ ва муаррифии шоистаи иқдомҳои неку манфиатбор қадамҳои устувор мегузоранд. Ҳамаи ин дастовардҳои имрӯзу ояндаи халқи сарбаланди тоҷик аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва бо шарофати ин санаи таърихӣ давлату миллат аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфта, тамомияти арзии он ҳамчун давлати ягона ҳифз гардид, аркони асосии сиёсиву идорӣ ва давлатдории миллӣ дубора эҳё шуд. Мардуми сарбаланди тоҷик бояд талошу заҳматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк карда, эҳтиром намояд ва барои насли оянда омўзонад. Ҳамчунин, ҳар як заҳмату талош ва корномаву шоҳкориҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кору зиндагӣ қарор дода, ҳамеша дар Ватан бо халқ бошем ва давлати боз ҳам ободу пешрафтаеро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

 

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ

Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,

д.и.т., профессор

 



22.09.2022 402

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php