Забони тоҷикӣ – асолати дирӯзу имрӯз ва ояндаи он!


Забони тоҷикӣ – асолати дирӯзу имрӯз ва ояндаи он! Забони тоҷикӣ дар даврони таърихи тӯлонии халқи тоҷик нишонаи гӯёи ҳастии миллат ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдодони некному хирадманди тоҷик будааст. Ин забон забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро бо ҳамин сифатҳои олӣ ситоиш кардаанд. Дар шароити инкишофи босуръати ҷаҳонишавӣ миллатҳо талош мекунанд, ки арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва ахлоқии худро аз зарарҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд. Огоҳӣ аз таърихи ниёгон, шинохти марзу буми аҷдодӣ, ҳифзи забони давлатӣ ва фарҳанги миллӣ метавонад, моро аз раванҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дорад. Забон рукни муҳиму ҳувияти миллист. Пас, мебояд дар шароити ҷаҳонишавӣ, дар муқобили тӯфони он истодагарӣ намуда, забони тоҷикиро, ки аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб мешавад, ҳифз намоем. Ба хотири ҳифзи муқаддастоти миллӣ ва забони тоҷикӣ, ки омӯзиши он аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад, пеш аз ҳама аз падару модарон ва омӯзгорон тақозо мегардад, масъулиятшинос бошанд. Бахти миллати тоҷик дар масъалаи забон аз ҳама бештар дар солҳои соҳибистиқлолӣ баландӣ кард. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ рушду такоммул ёфт. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол мубаддал гардидааст. Гиромӣ доштани забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди тоҷик мебошад. Бо ин забон шоирону нависандагон, олимону орифони бузурги миллати мо – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдию Ҳофиз, Синою, Ҷомӣ, Донишу Айнӣ, Лоҳутию Турсунзода ва даҳҳову садҳо равшанфикрони миллат асарҳо эҷод кардаанд. Забони тоҷикӣ таърихи тулонӣ дорад, бо хату адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст ва дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори башарӣ саҳми босазо дорад. Вақте таърихи забони ноби тоҷикиро варақ мезанем, мебинем, ки он дар тӯли асрҳо марҳилаҳои гуногунро тай намуда, бо шаҳомати худ солиму бегазанд то замони мо расидааст. Пас, вазифаи мо ин аст, ки забони тоҷикиро солиму бегазанд ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

 

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ
Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,
 д.и.т., профессор


30.09.2022 403

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php