Қоидаҳои пӯшидани сару либоси расмӣ дар ДДТТ
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» санаи 17-уми сентябри соли 2022 аз ҷониби омӯзгори кафедра Муродов Ғ.З. дарси кушод дар мавзӯи «Қоидаҳои пӯшидани сару либоси расми дар ДДТТ» бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣгурӯҳҳои 4-ум, 16-ум ва 17-ум гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳҳои номбурда Бобизода Абдулазиз ва Низомзода Шодмон пурмазмун пешкаши ҳамагон намуданд.
МАДАНИЯТИ ЛИБОСПӮШӢ ВА РИОЯИ ТАРТИБОТИ ОН ДАР ЗИНДАГИИ РӮЗМАРРА
Ҳар як рафтор доираи лозимаи худро дорад. Маҳз як талабот ҳаст, ки дар чорчубаи хусусиятҳои нек касро нигоҳ медорад. Либоспӯшӣ низ яке аз хусусиятҳои назарраси инсон буда, доир ба он талаботҳо гуногун аст. Ҳама рӯза дар донишгоҳ донишҷуён дар дарсҳо бо либоси ягона иштирок менамоянд. Яъне ин либоси ягона хилъати сафед ва кулохи сафед (чепчик) мебошад . Агар донишҷуён ба дарс бе хилъати сафед оянд ӯ ҳуқуқи ба дарс ворид шуданро надорад, зеро ӯ қоидаи рафтори либос пӯширо вайрон кардааст. Ба донишчуй духтарҳо манъ аст ба дарс омадан: бо либосхои варзишӣ, либосҳои таблиғгари фарҳанги бегона, бо овехтани зиёда аз як ҷуфт гӯшвор, дастпонаҳои зиёд. Ба донишчӯ писарон манъ аст ба дарс омадан: бо либосҳои варзишӣ, муйи дароз, риши расида ва баланд, либосҳои бо ҳар гуна расму навиштаҷотхо. Талабот оид ба либосҳои расмӣ:
Барои занон: домани аз зону поёни сиёҳ, кабуди сиёҳранг ва костюми мувофиқ ба ранги доман; куртаҳои нимтанаи занонаи ранги сафед; пойафзоли пошнадори миёна мувофиқ ба сару либос.
Барои мардон: шиму костюми сиёҳ, кабуди сиёҳранг бо куртаи сафед; галстук ва пойафзоли мувофиқ ба сарулибос. Ҳангоми ҷаласаҳои расмӣ новобаста ба фасли сол ҳатмӣ мебошад. Хилъати сафед хамчун рамз: хилъати сафед ин ягона либоси расмии донишгоҳи тиббӣ мебошад. Зеро он ҳамчун рамзи покдоманию покизагӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб мо бояд донишҷӯён хилъати сафедро ба тан пӯшида ба дарс ворид шавем.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона