Бо мақсади сари вақт ва ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия


Бо мақсади сари вақт ва ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия

Бо мақсади сари вақт ва ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, санаи 16 сентябри соли 2022   дар толори № 6 бинои таълимии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар «Шаҳраки табибон» бо сарварии декани факултети тиббӣ д.и.т.,профессор Табаров М.С. ва муовинони декани курси якуми факултет Холов Д.Д. ва Бурҳонова З.У. бо сардорони курси якум вохурӣ гузаронида шуд.

Дар вохурӣ сардори курс, сардорони потокҳо ва гуруҳҳои донишҷуёни курси таъин ва шинос карда шуданд. зимни суҳбат декани факултет профессор Табаров М.С. ба донишҷуён дар баробари табрик намудани иштирокчиён бинобар ба донишгоҳи олӣ дохил шудан, инчунин масъалаҳои гуногунро оиди таълим ва тарбия баён доштанд.

Дар масъалаи тартибу интизоми донишҷуён, муовинони декани факултет Бурҳонова З.У. ва Холов Д.Д., баромад карда, дар бораи риояи сару либоси тавсиявӣ, эҳтироми устодон ва ҳамсабақон, ғамхорӣ нисбати молу мулки донишгоҳ, дар худ тарбия намудани ҳисси ватандустӣ ва худогоҳии миллӣ,истифодаи самараноки шабакаҳои «Интернет» танҳо бо мақсади омодагӣ ба дарсҳо, шомил нашудан ба гуруҳҳои ифротӣ ва ғайр суханронӣ намуданд.

 

Декани факултети тиббӣ

д.и.т., профессор             Табаров М.С.


19.09.2022 484

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php