МАСЪАЛАҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ЗАБОН


МАСЪАЛАҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ЗАБОН

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ ва адабиёту фарҳангҳои истилоҳоти соҳаҳои забоншиносию ҳуқуқшиносӣ мафҳуми забон ба шаклҳои гуногун таъриф шудааст, вале маъно ва муҳтавои якхелро ифода менамоянд. Забон – маҷмуи воситаҳои овозӣ ва луғавию дастурӣ, ки натиҷаи кори тафаккурро инъикос намуда, алоқа ва мубодилаи афкори одамонро таъмин мекунад. Забон муҳимтарин воситаи алоқаи одамизод аст. Одамон ба воситаи забон мухобира намуда, ба якдигар фирк баён карда, фикри якдигарро мефаҳманд. Забон бо тафаккур алоқаи бевосита дошта, ҳар фикре, ки дар майнаи одамон пайдо мешавад, ба воситаи забон шакл гирифта, баён мегардад. Аз ҳамин хотир таҳқиқ дуруст аст, ки забон шуури воқеист ва воқеияти фикр дар забон зоҳир мегардад. Забон муҳимтарин воситаи муошират, наҷибтарин ва муқаддастарин падидаи аҳли башар аст, ки гузашта, имрӯз ва ояндаи моро мепайвандад.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ мафҳуми «Забони давлатӣ» ба маънои забони фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, инчунин, забонест, ки бо он мурофиаҳои судӣ барпо мегардад, таълим дар мактабҳои умумӣ, миёнаи махсус ва олии давлатӣ ба он ба роҳ монда мешавад, шарҳ дода шудааст. Истилоҳи забони тоҷикӣ маънои забони умумиии халқи тоҷик ва забони истифодаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода менамояд. Забони давлатӣ забоне фаҳмида мешавад, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамаи корҳои давлатию маъмурӣ, фарҳангу маориф ва соҳаҳои дигар бо он амалӣ мегардад.

Забон ва ҳуқуқ ба қатори бузургтарин арзишҳои маънавие дохил мешаванд, ки барои ҳастӣ ва муносибати байни одамон аҳамияти бунёдӣ доранд. Забон шакли ифодаёбии шуури инсон буда, тавассути он одамон таҷрибаи азхуднамоии олами иҳотакардаро ба низом дароварда, фикрро тақвият медиҳад. Ҳуқуқ ҳамчун воситаи танзим ва оқилонаи идоракунии ҷамъият буда, дар раванди расонидани таъсири ҳуқуқӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ истифода бурда мешавад.

Давлатҳои ҷаҳон забонҳои хоси миллат доранд ва ё умуман забонеро интихоб намуда, ба он мақоми давлатӣ дода, дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавриди истифода ва корбарӣ қарор медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ забони хоси миллати тоҷик, яъне, соҳиби забони тоҷикӣ мебошад. Моҳияти забони тоҷикӣ дар он фаҳмида мешавад, ки таърихи бойю куҳан дорад. Ҳар як давлату миллат таърих, фарҳанг, анъанаҳои гузаштагон, урфу одат ва расму оинҳои хоси худро тавассути забон ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Пас, забон дар баробари Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ ва дигар арзишҳои хоси миллат муқаддасоти давлат дониста мешавад. Забони тоҷикӣ, забони миллӣ ва забонест, ки халқи тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ онро аз завол шудан эмин нигоҳ дошата, то ба имрӯз асолати онро аз даст надодааст. Забони тоҷикӣ марҳилаҳои таърихиро тай намуда, дар заминаи он қонунгузорӣ оид ба забони тоҷикӣ давра ба давра шакл гирифта, инкишофу рушд ёфтааст ва имрӯз мақоми забони давлатиро касб намудааст. Ташаккулёбию инкишоф ва рушди қонунгузорӣ оид ба забони давлатӣ бо пайдоиш ва ташаккулёбии Тоҷикистон алоқаманд буда, марҳилаи асосии инкишофу рушди он даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро баробари қабули Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 соҳиб гардидааст. Мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ аз масъалаҳои муҳиме буд, ки дар натиҷаи талошҳои зиёд роҳи ҳалли худро ёфтааст. Барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ назарпардозиҳои гуногун пайдо шуда, гурӯҳе аз одамон сиёсати русикунонии ҷомеаи ҷумҳуриро амалӣ мегардониданд ва талаб мекарданд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ низ мақоми давлатӣ дода шавад. Ҳамин мушкилиҳо истифода ва мавқеи забони тоҷикро маҳдуд менамуданд ва муаммое шуд, ки мардуми мамлакат тавассути востаҳои ахбори омма, дар маҷлисҳо назари хешро оид ба мақоми забони тоҷикӣ баён менамуданд. Донишмандону масъулони идораҳои дахлдори давлатӣ барои танзими ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ талош намуданд ва ниҳоят тибқи Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ташаккулу инкишоф ва рушди қонунгузорӣ оид ба забони давлатӣ, мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ ва пойдориву рушди ҳамаҷонибаи он таъсири хуб гузошт. Истиқлоли давлатӣ омили асосии эҳёи забони давлатӣ мебошад, зеро дар замони соҳибистиқлолӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, бо дарназардошти асос ва меъёрҳои таърихию адабӣ ташаккул ёфта, вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини Ҷумҳурии Тоҷикистонро касб намуд. Масъалаи забон ва ҷой доштани он дар маркази сиёсати давлатии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1994 мавқеи муҳимро пайдо кардааст. Маҳз, дар ин марҳила дар баробари масъалҳои асосии танзими низоми давлатдории навини халқи тоҷик ба забон, вазъи ҳуқуқӣ, истифода ва побарҷои он тадбирҳои аниқ татбиқ шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати қонунмеҳвар тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро бо эҷоду таҳия, қабулу татбиқи қонунгузорӣ танзим намуда, барои дурнамои ташаккулу инкишоф ва рушду таҳкими ҳамаи соҳаҳо, бахусус, дар самти муайян намудани вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва танзими истифодаи он дар қаламрави Тоҷикистон бо асосҳои ҳуқиқӣ заминаҳо пайдо гардид. Вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, танзими муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян гардид. 6 ноябри соли 1994 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, дар моддаи 2-и он забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эълон шуд.

Мафҳуми қонунгузорӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро ифода мекунад, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар маҷмуъ ё дар соҳаи муайян танзим мекунанд. Санади меъёрии ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ ва танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ сарчашмаи асосии қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, чанд меъёр вобаста ба забони давлатӣ дар он муқаррар шудааст, аз ҷумла, дар моддаи 2 – Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд, моддаи 17 – Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад, моддаи 30 – Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст, моддаи 65 – Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, моддаи 88 – Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

Чунин меъёрэҷодкуниву ҳуқуқтатбиқнамоӣ оид ба забони давлатӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои бештари ҳуқуқии қабулу татбиқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавиро фароҳам овард ва шароиту имкониятҳои нави барномарезӣ, инкишофу рушд ва таҳкими қонунгузорӣ оид ба забони давлатӣ дар мамлакат пайдо гардид.

Бояд қайд намуд, ки Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 бозбинӣ шуда, аз 10. 09. 1991 бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» ва аз 5 октябри соли 2009, №553 дар таҳрири нав, яъне, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидааст.

Дар моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 муқаррар шудааст, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат аст. Санадҳои зерқонуние, ки то кунун қабул шудаанду забони тавлатиро бо асосҳои ҳуқуқӣ танзим менамоянду мустаҳкам мегардонанд, инҳоянд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 октябри соли 1995, №662;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид сохтани тағйирот ба банди 10 Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1989, №112 «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни забони РСС Тоҷикистон» аз 23 феврали соли 1996, №99;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷараёни иҷрои Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 июни соли 1997, №256;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 октябри соли 1997, №459;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик» аз 3 сентябри соли 1998, №355;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 майи соли 2000, №204;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 июли соли 2003, №321;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи истифода ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ» аз 6 июни соли 2005, №188;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории Соли забони тоҷикӣ» аз 13 сентябри соли 2007, №478;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 октябри соли 2009, №604;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомнома ва Сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 январи соли 2010, №1;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 4 октябри соли 2011, №458;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» аз 30 июни соли 2012, №335;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2020, №647;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» аз 30 июни соли 2021, №268;

- қарори Ҳукумати ҶТ «Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи улуми Афғонистон дар бахши забон ва истилоҳот» аз 27 марти соли 2021, №95;

- фармоиши Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2018, №171.

Маврид ба зикр аст, ки тартиби ташкил ва гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба забони давлатӣ мутобиқи фармоиши Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2018, №171 муайян шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди забони давлатӣ тавассути амалӣ намудани як қатор тадбир ва чораҷӯиҳо, ба монанди таъсиси мақоми ваколатдор, таҳия ва чопи китобҳо бо забони давлатӣ ва қабули санадҳои барномавӣ ба роҳ монда мешавад. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №262 ва баъдан аз 31 октябри соли 2009, №604 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади давра ба давра бо иҷрои чорабиниҳои муайян рушду инкишоф додан ва мустаҳкам намудани қонунгузорӣ оид ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳо қабул гардида, созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расонида шудаанд. Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 21 октябри соли 1997, №459, Барномаи истифода ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, №188, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 июни соли 2012, №335 ба тасвиб расида, давра ба давра амалӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар мамлакат Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 қабул шудааст, мавриди амал қарор дорад. Барномаи мазкур ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забони давлатӣ муайян менамояд. Барнома ҷиҳати таъмини рушди устувори забони давлатӣ ва сиёсати давлатӣ дар соҳа дар ду марҳила ва шаш самти афзалиятнок роҳандозӣ мегардад. Марҳилаи якуми Барнома солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифта, фарогири масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории соҳавӣ, таъмини густариши забони давлатӣ ҳамчун бунёди маънавии миллӣ, ташхис ва интишори истилоҳоти соҳавиро дар бар мегирад. Марҳилаи дуюм аз соли 2026 то 2030 идома ёфта, роҳҳои амалисозии масъалаҳои таҳқиқотӣ, омӯзишӣ, назорат ва ташкилиро фаро мегирад. Барнома аз 24 банд иборат буда, дар онҳо масъалаҳои роҳҳои инкишоф ва рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ дар давоми солҳои 2020-2030 пешбинию муайян шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳияву мавриди амал қарор додани қонунгузории миллӣ оид ба забони давлатӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва чанде аз санадҳои дигари ҳуқуқи байналмилалиро, ки онҳо бо меъёрҳо ба халқҳои ҷаҳон ҳуқуқ ба забонро додааст, эътироф намудааст. Дар моддаи 2-юми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар гардидааст, ки ҳap як инсон бояд бидуни тафовуте, махсусан, аз лиҳози нажод, ранги пӯст, ҷинсият, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, хонаводагӣ ё вазъи дигар тамоми ҳуқуқ ва тамоми озодиҳоро, ки дар ҳамин Эъломия зикр шудаанд, дошта бошад.

Дар моддаи 2-юми Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қайд шудааст, давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд, кафолат диҳанд, ки ҳуқуқи дар ҳамин Паймон эълоншуда бидуни ягон навъ табъиз дар мавриди нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, таваллуд ё ҳолати дигар амалӣ хоҳанд шуд. Моддаи 14-уми Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ менамояд, ки барои ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар айбдории ҷиноятии ба ӯ эълоншуда дар асоси баробарии пурра ба кафолатҳои ба таври таъҷилӣ ва муфассал дар бораи хислат ва асоси айбе, ки ба ӯ эълон карда мешавад, ба забони барои ӯ фаҳмо хабардор карда шавад, агар ӯ забонеро, ки дар суд истифода мешавад, нафаҳмад ё бо ин забон ҳарф назанад, бепул аз кӯмаки тарҷумон истифода намояд.

Меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба инобат гирифтани мақоми баланду меҳварӣ ва арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқ озодиҳои ӯ ба башарият кафолати таъмини ҳақ доштан ба замонро пешбинӣ намудааст. Меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ заминаҳои бештари ташаккулу инкишоф ва рушду таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забони давлатиро фароҳам оварда, кафолатҳои давлатии ҳифзи онро муқаррар намудааст.

Бояд зикр кард, ки масъалаҳои омӯзиши вазъи конститутсионии ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва мақоми давлатӣ додан ба он, заминаҳои ташаккул, инкишоф ва рушди қонунгузорӣ оид ба забони давлатӣ, ошкори бартарияту камбудиҳои қонунгузорӣ оид ба забони давлатӣ, роҳҳои ҳифз ва таҳкими забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ бо асосҳои аниқи назариявӣ, илмӣ ва амалӣ дар сатҳи таҳқиқотҳои илмӣ мавриди пажӯҳиш қарор нагирифтааст ва мавзуи нав дар фазои низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мубрам мебошад. Бештар аз се даҳсола мешавад, ки забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ҳар марҳилаи он гузариш ба рушд ва вижагиҳои хоси худро дорад. Имрӯз забони тоҷикӣ дар шароите амал мекунад, ки давлату миллатро рӯ ба ҷаҳонишавӣ овардааст.

Мақому мартабаи забонро дар ҷамъият талаботи замон муйян мекунад. Забон дар ҳама давру замон бо ҷомеа алоқамандии зич дошта, пайваста дар таъсири мутақобила қарор мегиранд. Рушди ҷомеа боиси таҳаввулот ва инкишофи забон ва қонунгузории он мегардад, дар ин раванд забон дар мадди аввал меистад. Забон рукни аввалин ва асосии ҳар як қавму халқу миллату давлат аст ва нигоҳдории он бо назардошти асосҳои ҳуқуқӣ пеш аз ҳама аҳамияти иҷтимою сиёсӣ дорад. Забон на танҳо дар ифодаи фикр, тарзи баёни фанҳои филологӣ, балки дар баёну инкишофи илмҳои дигар аҳмият ва нақши калидӣ дорад. Ҳамаи илмҳо тавассути забон пайдо шуда, инкишофу рушд меёбанд. Физики фаронсавӣ Луи де Броил дар мавриди ин масъала чунин назар дорад: «Бо ёрии забони математикӣ одатан он чиро додану фаҳмидан мумкин аст, ки ба даст овардааст, вале илмро танҳо забони адабии умумихалқӣ инкишоф дода метавонад», академик М. П. Алексевич низ такъкид менамояд: «Филология ин илми илмҳост. Вай вазифаи забонро меомӯзад, ки бе он (забон) ягон илми дигар вуҷуд дошта наметавонад».

Омӯзиши забон ва заминаҳои шаклгирию инкишоф, рушду такомули қонунгузории он дар даврони пеш аз Истиқлоли давлатӣ ва замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон масъалаи муҳим дониста мешавад, зеро бе донистани забон ва қоидаву қонуни он фикру ақидаи худро баён намудан ғайриимкон аст. Аз ин бармеояд, ки ҳамаи илмҳо бо гуногунии худ ба забон робитаву алоқаи бевосита доранд ва ҳамин масъалаҳо боис мешаванд, ки забон, густариши ҳамаҷонибаи он дар баробари пажӯҳишҳои филологӣ, инчунин, бо роҳи эҷоду таҳияи тартиб, қонуну қоида ва татбиқи чораҳои маъмурию ҳуқуқӣ чӣ дар мақоми давлатӣ ва чӣ дар мақоми муоширати байналхалқию ҷамъиятӣ ҳимоя шавад ва заминаҳои он мустаҳкам гарданд.

Сарчашмаҳо собит месозанд, ки забони тоҷикӣ аз забонҳои қадимаву соҳибхат ва серистифодаву гӯяндадортарини дунё ба шумор рафта, ҳанӯз дар асри Х дар замони давлатдории Сомониён на ба тариқи татбиқи чорабиниҳои маъмурию ҳуқуқӣ, балки аз рӯи нуфузи оламшумул доштану рукни меҳварӣ ҳисобидани он дар низоми давлатдорӣ мақоми давлатиро соҳиб шуда буд: «Ин забон, ки дар замони давлатдории тоҷикон – давлати Сомониён дар маснади забони давлатӣ қарор дошт, дар асрҳои минбаъда низ нуфузи худро ҳамчун забони расмӣ нигоҳ дошт. Хушбахтона, имрӯз низ ба шарофати Истиқлолият миллати тоҷик ҳам соҳиби давлат гардид ва ҳам забони тоҷикӣ боз дар ҳамон мақоми олӣ қарор гирифт».

Сиёсати забон.

Сиёсати забон – маҷмуи услҳои идеологӣ ва тадбирҳои амалиест, ки дар ҷомеа ва ё давлат вобаста ба ҳалли масъалҳои забон танзиму таҳким мегардад. Ба тарзи дигар, сиёсати забон мудохилаи бевосита ва бошууронаи давлату ҷомеа ба рушду инкишофи забон аст. Сиёсат дар нисбати забон дар давраҳои гуногун вобаста ба сохти давлатдорӣ ба тарзҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Дар даврони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ сиёсат оид ба забон бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии миллатҳо ва забонҳо амалӣ мешуд ва барои миллатҳо имкон пайдо шуда буд, ки ба забони модарии худ таҳсил кунанд, фарҳанги миллии худро инкишоф диҳанд, забони модарии хешро дар корҳои давлатдорӣ мавриди истифода қарор диҳанд. Ин принсип ва сиёсат оид ба забон дар даҳсоли аввали Ҳокимияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ бо назардошти аҳамияти баробарҳуқуқии миллатҳо ба забонҳо хуб татбиқ шуда бошад ҳам, вале дар амал марҳилаи маҳдудиятҳо барои забонҳои миллатҳо буд. Дар танзим ва татбиқи сиёсат оид ба забон нақши сарварону равшанфикрон ва сиёсатмадорону донишмандон, ки арзишу муқаддасоти миллӣ будани забонро ба ҳеҷ арзише баробар намедонанд, хеле бузургу созанда мебошад.

Гарчанде донишманду сиёсатмадорон, ҳукуматдорони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (РСС Тоҷикистон) дар даврони Ҳокимияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) барои тақвияти забони тоҷикӣ ва бо асосҳои ҳуқуқӣ мақоми давлатӣ додан ба он талош менамуданд, ҳамоно сиёсат дар нисбати забони тоҷикӣ ба дараҷаи ҳимоят аз завол шудан ва дар ҳоли бетағйир буд. Маврид ба қайди махсус аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили асосии эҳёи забони давлатӣ мебошад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади тақвият ва ҳифзи забон қонуну қарор ва фармоишҳои зиёд қабулу татбиқ шудаанд, ки забони тоҷикӣ дар давоми мавҷудияташ чунин ғамхорию пуштибонӣ ва тадбирандешиҳои дурандешонаро аз давлату ҳукуматдорони давру замон надидааст. Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатиро пайдо карда, бо дарназардошти асос ва заминаву меъёрҳои таърихию адабӣ ташаккул ёфта, вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини Ҷумҳурии Тоҷикистонро касб намудааст. Аҳамияти дигари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки забони тоҷикиро аз забони хонаводагию кӯчагӣ ба забони давлатӣ, сиёсӣ, миллӣ, коргузорӣ ва забони истифодаи қаламрави Тоҷикистон табдил дод.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 


15.09.2022 669

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php