БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Имрӯз, 10.09.2022 бо мақсади тозаву озода намудани муҳити табиат, дохил, саҳн ва гирду атрофи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибини Сино бо иштироки кормандон ва омӯзгорону донишҷӯён шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар шанбегии навбатӣ кормандон ва омӯзгорону донишҷӯён бо ҳадафи саҳмгузорӣ ободонию созандагӣ дар тозаю озода намудани дохил, саҳн, боғгулгаштҳо ва гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, аз ҷумла, Маҷмааи таълимии шаҳраки “Шифобахш”, бинои маъмурию таълимии навбунёд ва боғгулгашти он, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология”, бинои асосӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, хобгоҳҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ воқеъ дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, инчунин, ба тартиб даровардани дарахтон, буттаву гулҳо, сабзазорҳо, ҷамъоварию ба партовгоҳ кшонидани баргҳои хушкшударехтаи дарахтон, тозаву озода намудани роҳравҳои ҳамшафати Донишгоҳ, гирду атрофи биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳрвандон ва баровардану покиза кардани партовҳо аз обгузарҳо саҳми арзишманд гузоштанд. Ҳамчунин, дар ин шанбегӣ бо истифода аз насосу обкашонҳо саҳн ва роҳҳои гирду атрофи Донишгоҳ рутубатнок карда шуданд.

Шанбегиҳо дар Донишгоҳ доимӣ буда, кормандон, омӯзгорону донишҷӯён ҳамеша дар якҷоягӣ дар тозаю озода намудани муҳити табиат, ободии Донишгоҳ ва гулгушукуфоии Пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 


10.09.2022 682

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php