ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ЧОРАБИНИИ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР БОҒИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ


ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ЧОРАБИНИИ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР БОҒИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Имрӯз 09.09.2022 аҳли омӯзгорону донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба таҷлили иди миллию давлатӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, иштирок намуда, дар шароити хеле хотирмон ва руҳафзоянда аз ин ҷашни мубораку муқаддас истиқбол намуданд. Дар чорабинии идона, донишҷуёни хориҷӣ дар васфи Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ ва ватандорӣ сурудҳо хонада, табъи иштирокдоронро болида гардониданд.

Воқеан, мо тоҷикон Истиқлоли давлатӣ дорем. Заминаҳои соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ давлатамонро аз ҳама ҷиҳат рушд дод ва Тоҷикистони азизро чун мамлакати пешрафтаву рушдкарда дар арсаи олам муаррифӣ намуд. Албатта, рушду музаффариятҳои ҳар як давлату миллат ба таъмини сулҳу субот ва соҳибистиқлолию соҳибихтиерии он вобаста мебошад. Имрӯз мо – мардуми тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаву ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Истиқлоли комили миллию давлатӣ гаштаем ва дар фазои орому осуда зиндагии шоиставу арзанда дорем.

Ҳамин тавр, мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадорем, ки пояҳои Истиқлоли давлатиро таҳким бахшем, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


10.09.2022 719

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php