ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Санаи 07.09.2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Чорабинии идонаро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино муҳтарам Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ифтитоҳ бахшида, оид ба моҳияту аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, ҳифзу таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ андешаронӣ карда, аз ҷумла, чунин қайд намуд: “Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад”. Бояд қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Маҳз, Истиқлоли давлатӣ барои мо – миллати тоҷик имкон дод, ки таҳти сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ амният ва суботро дар ҷомеа таъмин намуда, барои рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, соҳаи тандурустӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино муҳтарам Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар идомаи суханронияшон иброз намуданд, ки: “Нақши МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар омода намудани мутахассисони донишманду кордон хеле арзишманд аст. Ҳамасола нафарони зиёд ин боргоҳи илмро хатм намуда, дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият кору фаъолият менамоянд”. Дар ҳақиқат, илми тиб барои гузаштагони мо касбу пешаи пурифтихоре буд ва осори гаронмоя, афкору фаъолияти гузаштагони барӯмандамон дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ворисони воқеии Синои бузург рушду таҳким ёфта, шеваву усулҳои дармонбахшиашон садсолаҳо ҷиҳати таълиму тадриси табибон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон хизмат хоҳанд кард. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ табибони тоҷик дар даҳҳо давлатҳои ҷаҳон кору фаъолият намуда, тибби тоҷикро дар ҷаҳон шӯҳратманд кардаанд. Дар чорабинии идона бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ асосҳои конститутсионӣ ва қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдор гардид, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳувияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад. Ватани азизамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ устуворона пеш рафта, нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста меафзояд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаи давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам таҳким мебахшад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Саломатии миллат боигарии давлат аст». Ин нуктаи олии таъкиднамудаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ бояд сармашқи кори ҳамарӯзаи кадрҳои соҳаи тандурустии мамлакат бошад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои зиёди давлатӣ ҷиҳати солимии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун амалӣ мегарданд. 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” бисёр хотирмон мебошад, зеро Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ба истифода додани бинои асосии наву замонавӣ дар Донишгоҳи тиббӣ баргузор гардид. Ифтитоҳи бинои наву замонавӣ барои инкишофи таълиму тарбия ва бадин васила барои рушди соҳаи тандурустии мамлакат заминаҳои муосирро фароҳам меорад. Ин ҳама дастовардҳо самари Истиқлоли давлатӣ мебошанд ва танҳо дар фазои сулҳмеҳварии Тоҷикистони азиз ба миллати тоҷик муаяссар гардидааст. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст ва ба қадри ин неъмати бебаҳо, яъне, Ватан ва Истиқлоли он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Пас, зарур аст, ки ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи Ватанамон пайваста арҷ гузорем ва онҳоро гиромӣ дорем.


 Валиев Давлатёр 

рӯзноманигор


 Ворисов Алишод 

сардори шуъбаи коргузории Хадамоти ректор


07.09.2022 759

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php