Истиқлолияти давлатӣ- кафили зиндагии озоду ором ва осуда дар замони пур аз низоъу бархӯрди ҷаҳон!


Истиқлолияти давлатӣ- кафили зиндагии озоду ором ва осуда дар замони пур аз низоъу бархӯрди ҷаҳон!

“Имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Дар чунин марҳила тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шаванд, ки истиқлолият дар радифи “Миллат”, “Ватан” ва “Ваҳдат” ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар мубаддал гардад”.

                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

 

9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақиле бо номи Тоҷикистон падид омад. Дар ин санаи таърихӣ Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро соҳиб шуда, расман эълон кард ва бо ин, саҳифаи наве дар ҳаёти миллати тоҷик кушода шуд. Тоҷикистони азиз соҳибистиқлол шуд. Истиқлолияти давлатӣ. Истиқлолияти миллӣ. Истиқлолияте, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода асту бидуни он ҳамагуна дастоварди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ нопойдор хоҳад буд. Маҳз, бо шарофати соҳибистилолӣ ва сиёсати хирадмандонаву ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои намоёни сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардидааст, ки назирашро таърих ёд надорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафҳои стратегии халқу давлати Тоҷикистон эълон гардида, бо татбиқи пайгиронаи ин ҳадафҳои олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гашт.

Имрӯз давлати озоду соҳибихтиёри Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста аст ва ҷаҳониён аз иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи он ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд. Имрӯз садои тоҷиконро аҳли сайёра мешунаваду Тоҷикистон аз минбарҳои баланди минтақавию байналмилалӣ ҳарфи саодати башарият мегӯяд ва дар радифи давлатҳои муқтадири сайёра мақому манзалати шоиста дар бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид дорад. Ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об аз ҷониби тамоми кишварҳои сайёра ҷонибдорӣ ёфта, амалӣ мегарданд, ки ҳамаи ин музафариятҳо самараи арзишманди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои сарвари оқилу хирадманди тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуда, тоҷиконро ҷаҳониён ҳамчун миллати соҳиби ташаббусҳои наҷотбахши башарият эътироф намудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон фарҳангу ҳунар, суннатҳо ва анъанаву мероси таърихии миллати мутамаддини тоҷик, ки дар ҳоли нестӣ қарор доштанд, дубора эҳё шуда, ба ҷомеааи байналмилалӣ муаррифӣ гардиданд. Давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҳар кадом Тоҷикистонро ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтанд ва тамаддуни ҳазорсолаи моро ба унвони нигини осмони фарҳанги олам эътироф намуданд. Дар ин роҳи пуршебу фароз ва масири таърихӣ хидматҳои шоиставу ҷовидонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари оқилу фарзона ва асолатпарвару хештаншинос бузург буда, мақоми абадият ва ибрати мондагоре барои наслҳои ояндаи миллати тоҷик аст. Дастовардҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷикро созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳон, аз ҷумла, Созмони омӯзиш, илм ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, яъне, ЮНЕСКО ҳамчун мероси қадимаи бостонӣ ба руйхати дастоварди фарҳангии умумибашарӣ ворид намуд:

-соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;

-соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;

-соли 2010 бо қарори Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мусаввараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид;

-соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ Наврӯз мақоми байналмиллалӣ гирифта, 21-уми март Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон гардид ва ин ҷашни фархундаи ниёгон ба феҳристи мероси ҷаҳонии созмони ЮНЕСКО ворид шуд;

-соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;

-соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт;

-29 ноябри соли 2018 ЮНЕСКО чаканро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил намуд. 

Ҳами тавр, мо тоҷикон роҳу ҷойгоҳи худро дар минтақаву ҷаҳон муайяну устувор кардаем ва бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш Тоҷикистон – Ватани муқаддасамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонем. Дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбанда асту ҳамарӯза амалҳои ғайриинсонию даҳшатборе дар гушае аз он анҷом дода мешавад, амнияту субот доштан, соҳиби давлат будан ифтихору масъулияти бузург ва мояи сарфарозист. Барои дарк, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, ки меваҳои шаҳдбори даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд, аз ҳар яки мо муносибати ҷиддӣ ва самимӣ тақозо карда мешавад. Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии миллӣ ба мо халқи тоҷик имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ҷаҳони пур аз низоъу бархӯрд фароҳам намудааст.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


03.09.2022 1073

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php