Нақши Истиқлоли давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ


Нақши Истиқлоли давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

“Вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ расем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ миллати сарбаланду соҳибфазилати тоҷик натанҳо азму ирода ва матонату ҳиммат зоҳир намуд, балки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди шоҳсутуни бегазанди Истиқлолу ҳамдилӣ қадамҳои устувор гузошт. Имрӯзҳо чанде аз кишварҳои ҷаҳонро низоъҳои сиёсӣ ва идеологӣ фаро гирифтаасту мардумони ин мамлакатҳо рӯзҳои сахту нангинро аз сар мегузаронанд ва ягона ҳадафи онҳо ба даст овардани сулҳу оромӣ аст, зеро саодати ҳар миллат ва кафолати рушду тараққиёти ҳар кишвар дар суботу амният ва ваҳдату ягонагӣ мебошад. Имрӯз мо соҳиби суботу амнияти комилему аз неъматҳои арзишманди Истиқлолият баҳра мебарем, бояд ҳамеша ҳомии сулҳу ваҳдат ва ягонагиву якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бошем. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ пеш меравад. Дар фазои босуръат тағйирёбандаи ҷаҳон ва авҷ гирифтани муноқишаҳои мусаллаҳона дар гӯшаю канори гуногуни олам суботу оромӣ дар ҳаёти инсонҳо рӯз то рӯз аҳамияти бештарро касб менамояд. Бо шарофати Истиқлолу иттиҳод дар тамоми гӯшаю канори мамлакат амалҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза гирифта, садҳо иншооти замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир бо тарҳи зебою нотакрор қомат афрохтанд. Сохтмони иншооти тақдирсозу муҳим авҷ гирифт ва корҳои сарсабзу хуррамгардонӣ эҳё гардида, давлат ба як сарзамини ободу пешрафта табдил ёфт. Ба қарди оромиву субот расидан, шукронаи соҳибдавлатию соҳибватаниро ба ҷо овардан ва ба корҳои созандагӣ ҳамроҳ шуда, музаффариятҳои халқу давлатамонро афзун намудан қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо ба шумор меравад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд донад, вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст ва ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан ва истиқлоли он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Пас, зарур аст, ки ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, Истиқлолият ва суботу оромиши Ватанамон пайваста арҷ гузорем ва онҳоро гиромӣ дорем.

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ

Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,

д.и.т., профессор

 

 



05.09.2022 1110

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php