Loading...
АСОСӢ
Шӯрои бонувон

 Диданд: 1

Шӯрои бонувон

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 141
Тел.: (+992) 37 224-38-86,  (+992) 918-62-69-41, e-mail: tarbia@tajmedun.tj
Раиси шӯро н.и.т., дотсент Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна
 
 Маълумоти умумӣ
 

Сохтори бахши тарбияи донишгоҳ аз соли 1939 фаъолият дорад. То соли 1991 ҳамчун бахши Иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ амал мекард. Фаъолияти Шӯрои бонувон дар асоси низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ойиномаи Донишгоҳи тиббӣ ва низомномаи худ ба роҳ монда шудааст. Бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯъбаи кор бо занони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шӯроҳои бонувони макотиби олии кишвар, мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки тибқи Квотаи президетӣ аз он ҷо духтарон дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, ҳамкории судманд дорад.
Ҳайати Шӯрои бонувон аз 18 нафар иборат аст (2016) Ҳоҷиева Г.Б. (раис), Исматуллоева С.С. (муовини раис), Қурбонбекова П.Қ., Хайруллоева С.Э., Аҳророва М.А., Хоҷаева Н.М., Додхоева М.Ф., Ишанқулова Б.А., Ниязова М.С., Ғаниева М.П., Юлдошева У.П., Мусозода М.А., Усмонова Х.Ч., Иргашева Ч.З., Бурхонова З.У., Шахсуфбекова Н.Н., Нарзиева Ф.А., Қодирова Д.Х.
Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳои дунё яке аз аввалинҳо шуда, конвенсияи байналхалқиро «Дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати зан», «Оид ба ҳуқуқи сиёсии занон», «Ҳуқуқҳои кӯдак» ба тасвиб расондааст. Дар ДДТТ баҳри дар амал татбиқ сохтани қонунҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Бисёр занон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Чунончи, Қурбонбекова П.Қ. муовини ректор оид ба тарбия, Юлдошева У.П. декани факултаи фармасевтӣ, Бобоева Л.А. котиби илмии Шӯрои олимон, Ниёзова М.С. директори маркази ташхисию табобатӣ ва Хайруллоева С.Э мудири китобхона мебошад. Ҳамчунин 5 нафар бонувон ҷонишини декани факултаҳо буда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар донишгоҳ аз ҳисоби умумии 1230 нафар 671 нафар занон фаъолият доранд (2017). Номзадҳои илм – 101 нафар занон ва докторҳои илмро 20 нафар занон ташкил медиҳанд. Аз 62 кафедраи донишгоҳ мудирии 23 кафедра ба зиммаи занҳо аст.
Шӯрои бонувон дар ҳафт самт фаъолият менамояд (таълим, тарбия, фарҳанг, тандурустӣ, умумӣ, хуқуқӣ, байналмилалӣ). Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯдухтарон дар ҳар факулта раиси Шӯрои духтарон интихоб карда мешавад. Вазифаи раиси Шӯрои духтарони донишгоҳро Узоқова Нилуфар ба ӯҳда дорад. Бисёр бонувони донишгоҳ бо унвону мукофотҳои ҳукуматӣ, масалан, узви вобастаи АИ ҶТ, академик (М.Ф. Файзуллоева), профессори фахрӣ (Мирсабурова Р.Т.), Арбоби шоистаи илм (У.Ю. Сироҷиддинова, Ш.С. Анварова), Корманди шоистаи ҶТ (М.М. Муҳаммадқулова, Р.Т. Мирсабурова, Л.А. Бобоева), ордени шараф (М.С. Исоева) ва ғ. сарфароз гаштаанд.
    Хамагӣ рисолаҳои илмии номзадӣ ва докториро ҳимоя кардаанд: аз соли 1938-2016с. – 645 нафар зан, аз ин миқдор то соли 1991 – 293 нафар ва аз соли 1991 то 2016 – 352 нафар, яъне дар муддати 31 сол то давраи Истиқлолият унвоннокии занон 45,4%-ро ташкил намудааст. Дар давраи Истиқлолият, яъне давоми 25 сол, унвоннокӣ хеле зиёд шуда, 54,6%-ро ташкил намудааст.
Мукофотҳо: Сипосномаи Кумитаи занон ва духтарони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ифтихорномаи Вазорати маориф. Аълочии тандурустӣ.