Loading...
АСОСӢ
Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

 Диданд: 1

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 141, 
Тел.: (+992) 37 2-24-45-92, (+992) 918-24-60-17, (+992) 918-27-33-98, e-mail: kikd@tajmedun.tj
Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Саидов Искандар Саидҷаъфарович

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён (КИКД) соли 1939 баробари таъсисёбии донишгоҳ арзи ҳастӣ намуда, ташкилоти мустақил мебошад.
    Ба фаъолияти КИКД дар солҳои гуногун инҳо роҳбарӣ кардаанд: Сухапарова А.П. (1960), Раҳматов Д.(1960-1966), Усмонов М.У. (1966-1968), Ашӯров Қ.Э. (1968-1970), Давлатов М.Д. (1970-1971), Тӯраев А.А. (1971-1975), Миряҳёев И. (1975-1977), Қодирӣ Т.Р.(1977-1981), Ҷӯрабоев А.А.(1981-1986), Холиқов М (1986-1988), Ҷӯрабоев А.А. (1988-1993), Раҷабов Г.О. (1993-2005), Азизов З.А. (2005-2007), Саидов Б.И. (2007-2013), Холов Ш.И. (2013-2016).
Аз соли 2016 ба ин Кумита Саидов Искандар Саидҷаъфарович роҳбарӣ менамояд.
    КИКД калонтарин созмони ҷамъиятии донишгоҳ маҳсуб ёфта алҳол дар сафҳои худ бештар аз 2000 нафар донишҷӯён, аспирантон, интернаҳо ва ординаторони клиникиро муттаҳид менамояд.
    Мақсад ва вазифаҳои КИКД таъмини шароитҳои зисти донишҷӯён, баргузории озмуну маҳфилҳои гуногун, ҳавасмандгардонии толибилмони фаъолу ташаббускор, дастгирии моддию маънавии донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб, бо хобгоҳ таъмин намудани донишҷӯёни эҳтиёҷманд, назорат аз болои созмонҳои донишҷӯӣ, назорат аз болои реҷаи кор ва сифати маҳсулотҳои нуқтаҳои хӯроки умумӣ, назорати вазъи саломатии толибилмон, гузаронидани чорабиниҳои гуногуни тарбиявию варзишӣ назорат аз болои Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳҳо, назорати рафти хониш ва давомоти толибилмон ҳамасола корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.   
    Раиси КИКД аъзои раёсат ва Шӯрои олимони донишгоҳ буда, барои ҳалли дилхоҳ масъалаҳои ба зиммааш буда, дар лаҳзаҳои зарурӣ ба роҳбарияти донишгоҳ эроду таклифҳои  кумитаро пешниҳод менамояд. Намояндаи КИКД дар кори комиссияҳои гуногуни назоратию санҷишӣ ба таври фаъолона ширкат меварзад.
    Бо мақсади дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдоду лаёқатманд дар донишгоҳ  бо таклифи КИКД 6 намуди стипендияҳои номӣ мавриди амал қарор доранд. Ҳар сол тариқи озмуни баргузорнамудаи Шуъбаи кор бо ҷавонон ва КИКД беҳтарин донишҷӯён барои соҳиб гаштан ба ин степендияҳо тавсия дода мешаванд. Илова бар ин бо мақсади ба корҳои тарбиявӣ ҷалб намудани сокинони хобгоҳҳо КИКД дар якҷоягӣ бо муовинати тарбия ва фарҳанг  чорабиниҳои зиёди маърифатию фарҳангӣ баргузор менамояд.