Loading...
АСОСӢ
Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия"

 Диданд: 1

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия"

Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Самад Ғанӣ 3
Тел.: (+992) 93-313-77-55, e-mail: mtii_farm@tajmedun.tj
Директори марказ Раҷабов Гадомад Одинаевич

Мақсади асосии таъсис додани Марказ фароҳам овардани шароит барои ташкил ва гузаронидани раванди таълиму тарбия, таҷрибаҳои таълимию истеҳсолӣ, корҳои истеҳсолӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва дар сатҳи баланд омӯзонидани маҳорати касбӣ дар шароити Маркази илмию истеҳсолии донишгоҳии соҳавӣ мебошад, ки барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти олии соҳаи фарматсия ва ҷавобгӯй будани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Марказ аз қисми маъмурӣ ва хоҷагӣ, шуъбаи доруҳои тайёр, шуъбаи бо дархост тайёр намудани маводҳои доруворӣ, ки дорои ҳуҷраи асептикӣ (тайёр намудани маводҳои стерелизатсияшуда, яъне маҳлулҳо барои интиқол ба рагҳои хунгард, доруҳо барои чашм, барои кӯдакони навзод ва дигар маводҳои ба стерилизатсия кардан мансубдошта), шуъбаи ҷамъоварӣ коркард ва баҷоҷкунии рустаниҳои шифогӣ,   лаборатория барои гузаронидани таҳлилҳои аналитикию кимёвӣ, ҳуҷраи автоклавкунонӣ маводҳои доруворӣ, ҳуҷраи истеҳсол ва қабули оби муқаттар, ҳуҷраи шӯстушeи зарфҳо ва ҳуҷраи экспедитсионӣ  иборат мебошад.