Loading...
АСОСӢ
Озмоишгоҳи марказии илмӣ - тадқиқотӣ

 Диданд: 1

Озмоишгоҳи марказии илмӣ - тадқиқотӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Шукуфон 73
Тел.: (+992) 93 530 83 28, e-mail: omit@tajmedun.tj
Директори марказ н.и.б., Ғаниев Хуршед Абдуалиевич

Таърихи марказ

Озмоишгоҳи Марказии илмӣ-тадқиқотӣ кисми таркибии асосии мустақили сохтори илмию тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, идоракунандаву ҳамоҳангсози раванди масъалаҳои халталаби илмӣ - тадқиқотӣ, таҷрибавӣ, таълимӣ мебошад ва бевосита ба ректор ва муовини ректор оид ба илм  итоат мекунад.
  Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ (ОМИТ) бо Қарори Совети Вазирони СССР таҳти № 735 аз 12 августи соли 1961 дар назди Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи  Абӯалӣ Ибни Сино таъсис дода шудааст. Аз рӯзи таъсисёбӣ то ин давра ҳамчун манбаи асосии иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ маҳсуб ёфта, дар он 26 рисолаи докторӣ ва 78 рисолаи номзадии кормандон ба анҷом расидааст.
Масохати умумии Озмоишгоҳ 0,33 га, буда аз онхо: 574 м2  таълимӣ, озмоишгоҳҳо 451,2 м2, анборҳо- 113,2 м2., таҳхона- 136,4 м2 мебошанд.  Дар ОМИТ 9 ҳуҷраҳои озмоишӣ, 1 толори лексионӣ бо 54 ҷои нишаст, 2 амалиётхона бо 3 мизи ҷарроҳӣ, 7 ҳуҷраи нигоҳдошти ҳайвонот бо 15 бокс ва 79 катак барои нигоҳдошти харгӯшҳо, 2 ҳавзчаҳои нигаҳдошти қурбоққа, 20 адад катакҳо барои нигаҳдошти калламушхо мавҷуданд.

Мақсади ОМИТ:

Мақсади асосии озмоишгоҳ, ин бунёди маркази илмию методӣ ва клиникию  экперименталии умумидонишгоҳӣ  барои гузаронидани маҷмӯи корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, таҷрибавӣ, таълимӣ дар ҳалли проблемаҳои тиббӣ–биологӣ мебошад.

Вазифаҳои асосии ОМИТ:

  • Омода сохтани шароити зарурӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва таълимӣ ба ҳайати омӯзгорон, профессорон, унвонҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо ва донишҷӯён.
  •  Робитаи илми-тадкикоти байни дигар озмоишгоҳҳои кафедраҳои донишгоҳ ва марказҳои  илми-тадкикоти.
  •  Баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар зершӯъбаҳои   озмоишгоҳ бо истифодабарии технология, таҷҳизот ва дастовардҳои муосири ҷаҳон.
  •  Ҷалб намудани сармоягузонрони хориҷӣ барои рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истифодаи технологияҳои муосир.
  •  Ба роҳ мондани робитаи зич байни дигар озмоишгоҳҳои кафедраҳои донишгоҳ ва марказҳо.

Сохтори ОМИТ:

Дар Озмоишгоҳ шаш бахш: озмоишгоҳои клиникӣ ва биохимиявӣ, морфологӣ,    психофизиоологӣ, амалиётҳои ҷарроҳӣ ва виварий, инчунин ҳуҷраҳои  таълимӣ ҷойгир шуда бо лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд.
1.Озмоишгоҳи клиникӣ ва биохимиявӣ: ин озмоишгоҳ бо ҳамаи таҷҳизотҳо барои гузаронидани ташхисҳои клиникӣ ва биохимиявӣ ҷиҳозонида шудааст. Барои гузаронидани ташхисҳои  маводҳо ва реактивҳо дар вақти лозимӣ дастрас карда мешаванд.   
2.Озмоишгоҳи морфологӣ: дар ин бахш ҳуҷраи морфологӣ бо ҳамаи таҷҳизотҳои лозима барои гузаронидани ташхисҳои морфологӣ ҷиҳозонида шудааст. Барои гузаронидани ташхисҳо маводҳо ва реактивҳо дар вақти лозимӣ дастрас карда мешаванд.   
3.Озмоишгоҳи  психофизиоологӣ: дар ин бахш барои гузаронидани ташхисҳо бо дастгоҳи ҳозиразмамони «Психитест» ҷихознида шудааст, ки аз рӯи нақша дар донишҷӯён  ва барои гузаронидани корҳои илмӣ тадқиқотӣ гузаронида мешаванд.
4.Бахши амалиётҳои ҷарроҳӣ аз 2 амалиётхона иборат буда дар он чунин таҷҳизотҳо мавҷуданд: 3 мизи ҷарроҷӣ, лампаи ҷарроҳӣ, дастаи асбобхои ҷарроҳӣ, дастгоҳи мадҳушкунандаи ҷарроҷӣ, ҷевон барои нигаҳдошти доруворӣ, ду мизи калони корӣ, ду адад мизи нигаҳдошти асбобҳои ҷарроҳӣ.
5.Бахши фармакологияи эксперименталӣ: дар ин бахш як ҳуҷра барои гузаронидани таҷрибаи алафҳои доругӣ мавҷуд аст. Алафҳои доругӣ аз тарафи кормандони бахш дастрас карда мешаванд. Корҳои эксперименталӣ дар ҳайвоноти озмоишӣ гузаронида шуда, таҳлилҳо дар бахши озмоишгоҳи клиникӣ ва биохимиявӣ гузаронида мешаванд.   
6.Бахши нигаҳдошти ҳайвонот: ин бахш аз 6 ҳуҷраҳои майда ва 2 ҳуҷраи калон барои нигаҳдошти ҳайвоноти озмоишӣ иборат аст. Ҳамаи ҳуҷрахо бо катакҳои лозимӣ ҷихозонида шудаанд. Дар катакҳо барои хӯрокдиҳӣ, обдиҳӣ алоҳида сатилчаҳо мавчуданд.   Баъди 27 сол ОМИТ дорои 20 катаки нигоҳдошти калламушҳо гашт, ки дар ҳар як қабат 15 калламуш ҷой карда шудааст, ки ин зичӣ барои як калламуш хеле зиёд аст.
         Бахши фармакологияи  эксперименталӣ: дар ин бахш натиҷаи омӯзиши маводҳои ғизогӣ ва доругии мизоҷи сарддошта мувофиқи нақшаи «Афзоиши синдроми метаболитикӣ» омӯхта мешаванд. Мақсади асосии таҷрибаҳо, ин  омӯзиши растаниҳое, ки дорои мизоҷи гарманд, яъне хосияти зиддиатсидӣ доранд. Тамоми таҷрибаҳо аз ҷиҳати эндоэкологӣ таҳлил ва баҳо дода мешаванд. Дар ин бахш натиҷаи таъсири моддаҳои турш ба оғози тодиабет ва диабети қанд дар ҳайвонотҳои озмоишӣ тадқиқот гузаронида шуданд. Натиҷаи умумии хосияти фаркмакологии маводҳои мизоҷи сарддошта, яъне атсидӣ дошта дар «Муроҷиатнома»-е, ки кормандони бахши фармакологияи эксперименталии ОМИТ ба тамоми табибони Ҷумҳурӣ ва ҷаҳониён, он олимоне, ки ҳар бахши фитофармакология ва фитотерапия амал мекунанд, бемороне, ки этиопатогенези бемории онҳо ба синдроми метаболитикӣ алоқаманданд акс ёфтааст.  
Дастовардҳои асосии ин бахш: Дар бахши «Фармакологияи системаи эндотелиалӣ бо асосҳои эндоэкологии тибби Сино» омӯзиши барномаи “Дурнамои давраи солҳои 2010-2020”  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ давом доранд.  Оиди омӯзиши  “Таъсири маводҳои атсидӣ ва сардмизоҷ ба системаи эндотелиалӣ, хосияти зиддидиабетии растаниҳои шифобахши  Тоҷикистон”, дар модели “Диабети эксперименталӣ дар заминаи таъсири аллаксан гидрат”  таҷрибаи дарозмуддат дар се давра гузаронида шуданд. Тадқиқот дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (калламушҳо) гузаронида шуданд. Барои омӯзиши системаи эндотелиалӣ ва омӯхтани хосияти зидди диабетии моддаҳои турш  дар калламушҳо модели «Диабети аллоксан-гидратӣ” гузаронида шуданд. Натиҷаҳои тадқиқот нишон дод, ки “Синдроми метабликӣ” дар тамоми ҳолатҳо аз зиёд шудани ҳолати атситдии бадан оғоз меёбад. Маводҳои доругӣ ва ғизогӣ, ки мизоҷи гарм доранд, метавонанд ҳолати атсидиро бартараф, синдроми  метаболитикиро пешгирӣ намоянд. Таҷрибаҳои гузаронида ҳолатҳои вазнинии муолиҷаи “Монанди ҳам”-ро ҳаматарафа исбот менамоянд.   Дар маҷаллаи байналмилалии International Educational Scientific Research Journal IESRG (Амрико) доир ба “Зиёни маводҳои турш ҳамчун омилҳои хатарноки диабетогенӣ” (Ацидные продукты, диабетогенные факторы риска) бо забони англисӣ  аз чоп баромад.
Корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддатро дар мавзӯи «Омӯзиши хосияти гепатопротектории қиёми топинамбури  навъи «Сарват» ва «Интерес» дар заминаи CCl4 ва аллоксан» дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (калламушҳо) гузаронида шуданд. Натиҷа: қиёми топинамбури  навъи «Сарват» ва «Интерес» дар заминаи CC l4 ва аллоксан» хусусияти хуби талхабарорӣ дорад. Оиди натиҷаҳои тадқиқот се мақола дар маҷаллаҳои илмӣ ( якто дар хориҷа, Россия) чоп гардиданд.
Озмоишгоҳи морфология дар бинои асосии ОМИТ ҷойгир буда,   бо  таҷҳизотҳои лозимӣ  таҷҳизонида шудааст. Кор дар ин озмоишгоҳ дар ду самт ба роҳ монда шудааст: илмӣ–тадқиқотӣ ва ташхиси патогистологӣ. Дар ин озмоишгоҳ намуди ташхисҳои  биопсия ва ташхисҳои  маводҳои ҷарроҳӣ гузаронида мешаванд. Дар  ин бахш  асосан  ташхисҳои  корҳои илмӣ- тадқиқотӣ  ва эксперменталӣ гузаронида мешаванд. ОМИТ бо кафедраҳои фармакология, саратоншиносӣ ва ҷарроҳии умумии №1 донишгоҳ ҳамкории зич дошта дар ин бахш як қатор корҳои илмӣ - тадқиқотӣ  ва эксперменталӣ, ки барои ин кафедраҳо зарур аст, гузаронида шуданд.  

          Корҳои таълимӣ:

Озмоишгоҳи марказии илмӣ–тадқиқотӣ фаъолияти худро дар  самтҳои таълимӣ – таҷрибавӣ, тадқиқотҳои назариявӣ ва амалӣ татбиқ намуда, якҷоя бо кафедраҳо дар гузаронидани  дарсҳои амалӣ иштирок менамояд. Дар бинои асосии ОМИТ 2 ҳуҷраи таълимӣ бо 40 ҷои нишаст ва 1 толори хурди лексиони бо 50 ҷои нишаст, ки бо овезаҳои нави замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд, мавҷуд аст.
Ҳуҷраҳои  таълимӣ ба ғайр аз ихтисосгирандагон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос боз барои баъзе дарсҳои амалии кафедраи физиологияи нормалӣ ва амалияи чарроҳӣ  ва анатомияи  топографияӣ, маҳфили “ҷарроҳони ҷавон” истифода карда мешаванд.
Кафедраҳое, ки машғулияти амалиро барои донишҷӯён дар ОМИТ  мегузаронанд:
1.Кафедраи фармакология дар ОМИТ дар дарсҳои амалии таълимӣ барои доишҷӯёни курсҳои  сеюм (факултахои тибби, стоматологӣ, фармасевтӣ, педиатрӣ дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (қурбоққа) гузаронида мешаванд. Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар ҳайвоноти озмоишӣ  донишҷӯён таъсири доруҳоро мебинанд ва хубтар аз худ менамоянд.
2. Кафедраи физиологияи патологӣ машғулиятхои амалиро дар мавзӯъҳои: “Муайян намудани вайроншавии хунгардиши микросиркуляторӣ дар манбаи газакнокӣ” (таҷрибаи Кончейм), просесси ҳосилкунии тромби дохилӣ дар шараёнҳои рӯдаҳо ва эмболияи чарбуии шараёнҳои давари калони хунгардиш дар қурбоққа бо ҳамроҳии ассестентҳои вобастабуда мегузаронанд. 

3. Кафедраи физиологияи нормалӣ  машғулиятхои амалиро дар мавзӯъҳои: ангезиш, “Таҷрибаи Станиус- омӯзиши системаи гузаронандаи дил”, гардиши хун, - ро дар қурбоққа, инчунин муайян намудани гурӯҳи хун дар донишчӯён.
4. Кафедраи асабшиносӣ бо асосҳои ирсияти тиббӣ амалиёти ҷарроҳии таълимиро оиди омӯзиши тағъиротҳои неврологӣ  ҳангоми ангезонидан ва буридани асаби симпатикӣ дар мавзеъи паҳлуии гардан,  дар  ҳайвонотҳои озмоишӣ ( харгӯш) мегузаронанд.   
5. Кафедраи анатомияи топографӣ дар якҷоягӣ бо коргарони ОМИТ барои донишҷӯёни курси сеюм ва чорум  амалиётхои ҷарроҳии таълми мегузаронанд. Инчунин маҳфили «Ҷарроҳони ҷавон»- фаъолият менамояд, ки аъзоёни маҳфили мазкур асосан донишҷӯёни курсҳои 2-5-ум мебошанд.

Робитаи ОМИТ бо кафедраҳо ва марказҳо барои гузаронидани корҳои илмӣ - тадқиқотӣ:

Кафедраҳои зерин бо  ОМИТ  робитаи илмӣ-тадқиқотӣ  ва амалӣ доранд: амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ, физиологияи нормалӣ, физиологияи патологӣ, осебшиносӣ, фармакология, кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ, биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, технологияи дорусозӣ, биохимия, ҷарроҳии умумии №1, ҷарроҳии умумии №2, бемориҳои ҷарроҳии №1, бемориҳои ҷарроҳии №2,  анатомияи патологӣ, онкология, физикаи тиббӣ ва информатика.

Мукофотҳои кормандони марказ:

Корманди Омит н.и.х Махкамова Б.Х. соли 2016-ум. Махкамова Б.Х.  барои ихтирои "Фитосуман" - маводи зиддибактериявӣ - дар озмуни ҷаҳонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ҷоизаи “Беҳтарин зани ихтироъкор”-ро соҳиб шуда, бо медали тилло мукофотонида шуданд.
Дар маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” №3, 2016с оиди ин дастовардҳо мақола дар ҳаҷми 4 саҳифа аз чоп баромад.

Робитаҳои ОМИТ бо Марказҳои илмии хориҷӣ

1.Донишкадаи технология, химия ва физикаи Урумчӣ
2.Академияи илмҳои Республикаи халқии Хитой   
3.Донишкадаи тибби суннатии Хитой.
4.Донишкадаи тибби Шарқии Федератсияи Руссия
5.Донишкадаи фитотерапияи Маскав
6. Донишкадаи умумироссиягии гиёҳҳои доруворӣ ва равғани эфирдор
7.Маркази Федоралии илмӣ-клиникии Руссия (ш.Маскав)
8. Донишгоҳи давлатии Тамбов ба номи Державин
9.Коллеҷи Зороастрии шаҳри Бомбей
10.Маркази тибби суннати Алма-ато
11.Донишкадаи тиббии Чикаго
12.Донишкадаи тибби эксперименталбӣ (ЭМАН РФ) Санкт- Петербург

Курси  «Ташхиси клиники озмоишгоҳӣ»

Курси  «Ташхиси клиники озмоишгоҳӣ» дар асоси  Ҷарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Давлатии  тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз санаи 29 сентябри  соли 2016 таҳти  фармоиши №2 ва банди 25 ва 97-и Оинномаи  донишгоҳ ба мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани  мутахассисони баландихтисоси ин соҳа таъсис дода шудааст .
   Пойгоҳи асосии курси мазкур Озмоишгоҳи марказии илми тадқиқотии Донишгоҳи Давлатии  тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Дар  курс  кормандон дар 3.75 воҳиди корӣ  фаъолият доранд: 1-нафар профессор, 3-нафар  номзади илм,1-нафар табиб таҳлилгари соҳа бо дараҷаи олӣ, 3 –нафар мутахассисони  ҷавони  маълумоти пурраи олӣ ва ихтисосгирии касбӣ  дошта мебошанд.