Loading...
АСОСӢ
Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ

 Диданд: 1

Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 141,
Тел.: (+992) 37 224 26 17, (+992) 98 885 61 16 , e-mail: tais@tajmedun.tj
Директори марказ Мусозода Меҳрангези Асомуддин
 

     Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ бо фармоиши ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 26.01.с.2009, таҳти №6 дар сохтори донишгоҳ таъсис дода шудааст.
    Кормандони Марказ: н.и.ф., дотсент А.И.Юсупов (сарвари марказ то с.2016), Р.Ш.Мирзоев (тарҷумон, с.2009-2013), Ю.У.Шерматов (тарҷумон с.2009-2012), Б.Т.Азимова (методист, с.2010-2011), С.С. Саялиева (тарҷумон, с. 2011), Н.С. Ахмедова (тарҷумон, с.2011-2012), М.А.Розиқова (методист, с. 2012-2014), Самадова М.Т. (методист, с.2014-2015), М.Х.Раҷабова (методист, с.2014), Зуҳуров Н.Б. (тарҷумон, с.2011-2014), М.К.Шодиматова (тарҷумон аз с.2013 то инҷониб), М.А. Мусозода (тарҷумон аз с.2013, аз с.2016 и/в. сарвари марказ), Д.А.Чориева (коргузор аз с.2013 то инҷониб), М.Ш.Оймаҳмадов (методист аз с.2014 то инҷониб), Ҳ.О.Мираков (тарҷумон аз с.2015 то инҷониб), Офтобитобони И. (тарҷумон аз с.2016 то инҷониб).
     Сарварии Маркази мазкурро муҳаққиқи шинохтаи истилоҳоти илмии соҳаи тиб, дотсент А.И.Юсупов аз давраи таъсисёбӣ то моҳи апрели соли 2016 ба зимма дошт. А.И.Юсупов барои танзими истилоҳоти соҳаи тиб, тарҷума ва таҳрири китобу воситаҳои дигари таълим бо забони тоҷикӣ кӯшишу заҳмати зиёд ба харҷ дода, муаллифи «Муҳовараи тиббии русӣ – тоҷикӣ», «Истилоҳоти тиббӣ», «Истилоҳоти анатомӣ» ва ғ. мебошад.       
Мақсад аз таъсис додани Марказ ин иҷроиши дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз муҳтавои суханрониашон дар вохӯрии 25-уми ноябри соли 2008 бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони Донишгоҳи тиббӣ бармеоянд, татбиқи амалии ҷиҳатҳои гуногуни Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ», ба роҳ мондани ҳамкории зич бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, танзими истилоҳоти соҳаи тиб, тарҷума ва таҳрири китобу воситаҳои дигари таълим бо забони тоҷикӣ мебошад
   Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ дар муддати ҳашт соли фаъолият дар тарҷумаи адабиёти таълимӣ ва омодасозии истилоҳоти тиббӣ корҳои арзишмандро анҷом додааст. Дар ин муддат истилоҳоти анатомиро ҷамъоварӣ намуда, муодили қобили қабули онҳо, ки беш аз 6500 истилоҳро ташкил медиҳанд, аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Вобаста ба иҷрои банди 13-ум и Нақша – чорабиниҳо, аз 24 – уми ноябри соли 2009, ҷиҳати таъминкунии донишҷӯён бо китобу дастурҳо ва дигар маводи таълимӣ ба забони тоҷикӣ, то ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти кишвар аз тарафи кормандони донишгоҳ 82 номгӯй, аз ҷумла  «Андарзномаи тиббӣ», «Анатомия дар назм», «Фарҳанги истилоҳоти тиббӣ» (зиёда аз 580 истилоҳ), «Муҳовараи тибии русӣ – тоҷикӣ», «Истилоҳоти анатомӣ» (беш аз 6500 истилоҳ) таҳия ва нашр шуд.
    Маҷаллаи илмӣ – амалии «Авҷи Зуҳал»,  ки аз соли 2010 таъсис ёфта, соле чор маротиба нашр мешавад, дар роҳи амалӣ сохтани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ( Боби 3, Моддаи 10)  қадами нав ва хеле саривақтӣ буда, то имрӯз  дар он тақрибан 528 мақолаҳои илмии донишмандони Донишгоҳи тиббӣ, кормандони беморхонаҳои кишвар ва кормандони дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ нашр шудааст.
    Айни замон ба ҷамъоварии мавод барои таҳияи «Луғати тиббӣ» ва таҳриру тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ машғул аст.