Loading...
АСОСӢ
Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ

 Диданд: 1

Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Сино 30/1,
Тел.: (+992) 91-903-37-63, e-mail: jamshed0976@mail.ru
Директори марказ Усмонов Ҷамшед Негматуллоевич

 Таърихи Марказ

Бо мақсади муҳайё намудани муҳити таълимии бехатар ва боваринок барои омӯзиши малакаҳои амалии касбӣ, ба донишҷӯён фароҳам овардани шароити рушду нигоҳ доштан, беҳтару хубтар намудани салоҳиятнокии касбӣ, ворид намудани технологияҳои симулятсионӣ ба таълимоти тиббӣ дар доираи амалигардонии Консепсияи ислоҳоти таълимоти тиббӣ ва фармасевтӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 тасдиқ карда шудааст ва лоиҳаи дигаргунсозии таълимоти пешаздипломӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ  ибни Сино бо қарори Шурои олимон №1 аз 30.08.2012 Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ (МОМА) таъсис дода шуд.
Рисолати марказ: Таъмин намудани муҳити муносиби таълимӣ барои омӯзиши клиникӣ.
Мақсад: Имконияти ташаккул, инкишоф ва дастгирии салоҳиятнокии клиникӣ, таъмини муҳити эътимодноки маърифатӣ барои омӯзиши самараноки клиникӣ ва коммуникативӣ ва амалӣ кардани принсипи омӯзиш дар тӯли тамоми ҳаёт.

Корҳои таълимӣ:

Омӯзиш дар МОМА ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки принсипи зеринро амалӣ гардонад: «Исбот кун, ки чиро медонӣ, нишон деҳ, ки чиро метавонӣ».
Фарқияти омӯзиши симулятсионӣ дар он аст, ки пеш аз ба бемор рӯ ба рӯ шудан ва ягон амалеро иҷро намудан донишҷӯ бояд дар маркази омузишӣ малакаҳои амалиро пешакӣ дар симулятор, фантом ва манекенхо аз худ намуда, сипас бо боварии комил ба назди бемор равад ва бехатарии амалиетҳои худро исбот намояд.
Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ аз  бо технологияҳои муосири омӯзишӣ таҷҳизонидашуда аст. Дар МОМА 69 малакаҳои амалӣ омӯхтан мумкин аст. Аз он ҷумла:
Анатомияи одам (3D-формат)
Анестезиология ва реаниматология
Акушерӣ ва гинекология
Бемориҳои дарунӣ
Кори ҳамширагӣ
Одоби муошират бо мизоч
Оториноларингология
Офталмология
Педиатрия ва неонатология
Лабораторияи мултимедии анатомӣ бо истифодаи планшету экранҳои телевизионӣ, бо барномаи мултимедии «Атласи анатомияи одам» («Essential anatomy») воситаи 3D, барои 50 ҷои нишаст мавҷуд аст. Дар он ҷо устодони кафедраи анатомия ва забони лотинӣ дарсҳои амалии худ барои донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 2-юм ҳамаи факултетҳо мегузаронад.
Донишҷӯёни курсҳои 2-юм ва 3-юм бо барномаи махсуси аз фанни Малакаҳои клиникӣ дарс гузашта истодаанд. Курсҳои болоӣ дар давоми сикли дахлдор аз рӯи ҷадвали дарсӣ барои малакаҳои амалӣ дар Марказ омӯзонида мешаванд.
Дар МОМА толори лексионӣ бо 40 ҷои нишаст ташкил карда шудааст. Дар филмотекаи МОМА филмҳои лексионӣ бо иштироки олимони машҳури Россия, филмҳои таълимӣ-амалию, филмҳои бадеӣ-тиббӣ ва видеороликҳо мавҷуд аст. Дар толори лексионӣ маводи таълимӣ аз чунин фанҳо нишон дода мешаванд: акушерӣ-гинекология, анестезиология ва реаниматология, ёрии таъҷилӣ, оториноларингология, педиатрия ва неонатология, терапия, травматология, тибби судӣ, ҷарроҳӣ, аз рӯи ҷадвал ва бо иштирок ва шархи мутахассисони Марказ ва устодони кафедраҳо нишон дода истодаем.
Ҳамарӯза аз соати 14:00 то 17:00 аз тарафи мутахассисони марказ, барои хоҳишмандон, барои аз худ кардани малакаҳои амалӣ дарсхои машваратӣ гузаронида мешавад.
Ҳар сол шумораи умумии устодон, ординаторони клиникӣ ва донишҷуёне, ки аз маркази мо истифода мебаранд, қариб 20 ҳазор нафарро ташкил мекунад.
Ҳамасола дар Марказ чунин санҷишу имтиҳонот гузаронида мешаванд:
- якум давраи имтиҳони давлатӣ барои донишҷӯёни курси 6 (аз малакҳои амалӣ),
- якум давраи санҷиши назариявӣ аз малакҳои амалӣ барои донишҷӯёни курси 3,
- якум давраи аввали имтиҳони давлатии ординаторҳои кафедраҳои клиникӣ (аз малакҳои амалӣ).

Фаъолияти таълимӣ-методӣ:

Аз тарафи корманди МОМА, профессор Воҳидов А.В. дастурамали методӣ бо номи «Эҳёгарии бемориҳои дилу шуш ва мағзи сар» таълиф ва нашр шуд.
Барои ҳар малакаҳои амалӣ аз тарафи кормандони МОМА то имрӯз 49 алгоритми иҷрошавӣ сохта шудаанд.
Постерҳо, яъне дастурамали қадам ба қадам бо суратҳо, ташкил шуда истодааст. Аз он ҷумла постерҳои фанҳои оториноларингология ва офталмология аз чоп баромада дар омӯиши донишҷӯён истифода бурда мешаванд.
Бо мақсади оптимизатсияи таълими малакаҳои клиникӣ дар МОМА даҳ видеороликҳои таълимӣ ҳам ба навор гирифта таҳия шуданд.

Бартариҳои омӯзиш дар МОМА:

  •  Омӯзиши реалии бе хавф барои бемор.
  •  Давомнокии раванди таълим маҳдуд нест.
  •  Шумораи такрор намудани малакаҳо маҳдуд нест, аз кор дар клиника вобастагӣ надорад.
  •  Азхудкунии намудҳои нодири амалиётҳои тиббӣ.
  •  Бе ҳаяҷон дар назди бемор барои донишҷӯ.
  •  Баҳодиҳии шаффоф ба амалҳои донишҷӯ риоя карда мешавад.

Корҳои тарбиявӣ:

Дар ҳамаи чораҳои фарҳангиву тарбиявии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Марказ фаъолона иштироқ менамояд.
Ба ғайр аз он дар толори лексионии Марказ дар як моҳ ду маротиба машғулиятҳои маҳфили донишҷӯён «Ҳолатҳои таъҷилӣ дар тибб» гузаронида мешаванд бо иштироқи устодони ДДТТ.

Корҳои илмию тадқиқотӣ:

Бо қарори ректори ДДТТ донишгоҳ дар баромади маҷаллаи дохили донишгоҳии «Ворисони Сино» ҳар як-ду моҳ дар бораи фаъолияти марказ макола аз тарафи кормандон чоп карда мешавад.
Ҳар сол дар Марказ семинар тренингҳо барои устодони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба омӯзонидани малакаҳои клиникӣ ба донишҷӯён бо истифодабарии технологияҳои симулятсионӣ доир мегардад. Дар кори семинар-тренингҳо профессорони ДДТТ ва мутахассисони хориҷӣ иштироқ мекунанд.

 Корҳои табобатӣ ва машваратӣ:

Ҳамаи мутахассисони Марказ ҳамзамон дар беморхонаҳои клиникии шаҳр ё кафедраҳои клиникии донишгоҳамон кор мекунанд. Дар он ҷо ҳам онҳо аз рӯи ихтисосашон фаъолияти табобатию машваратӣ менамоянд.