Loading...
АСОСӢ
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ

 Диданд: 3

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 141,
Тел.: (+992) 908 82 36 48, e-mail: tajribaomuzi@tajmedun.tj
Сардори шуъба Хокироев Тоҷиддин Зубайдович
 

Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи раванди асосии таълим буда, барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб ва фарматсия нақши муҳимро мебозад. Вазифаи асосии таҷрибаомӯзии донишҷӯён ин тадбиқ  намудани донишҳои назариявӣ ва пурра намудани малакаҳои касбии онҳо дар муассисаҳои табобатӣ, санитарию эпидемиологӣ ва дорӯсозӣ мебошад. Дар  вақти  таҷрибаомӯзӣ  донишҷӯён  бевосита  ба  раванди  табобати  бемор,  корҳои  профилактикӣ, санитарию эпидемиологӣ ва  дорусозӣ  иштирок  менамоянд. Вобаста ба тахассус   алҳол дар донишгоҳ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо 34 намуди таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешавад. Мӯҳлат, ҳаҷм ва тартиби гузаштани таҷрибаомӯзиро  нақшаи таълим, ки Вазорати маориф ва илм ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ тасдиқ кардааст муайян менамояд.  Ташкил, роҳбарӣ ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён ба зиммаи шӯъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ вогузор карда шудааст.
Барои баланд бардоштани сифати  таҷрибаомӯзӣ соли 2011-ум дар донишгоҳ марказӣ омӯзиши малакаҳои амалӣ ташкил карда  шудааст.  Дар ин марказ донишҷӯён бисёр малакаҳои амалии касбиро аз худ намуда, худро ба таҷрибаомӯзӣ тайёр менамоянд.
Факултети тиббӣ -  дар ин факултет  таҷрибаомӯзӣ аз рӯи 10 тахассус, яъне дар курси 1-ум парасторӣ (48 соат)дар курси 2-юм ҳамширагӣ(144 соат), дар курси 3-юм  ҳамшираи дармонгоҳӣ(144соат) ,дар курси 4-ум духтури беморхона(216 соат) ва дар курси 6-ум аз рӯи тахассусҳои  ҷарроҳӣ (126 соат), акушерӣ-гинекологӣ(126 соат), бемориҳои кӯдакона(126 соат), бемориҳои дарунӣ(126 соат),бемориҳои сироятӣ (126 соат)ва тибби оилавӣ ((126 соат) таҷрибаомӯзӣ мегузаранд, ки дар маҷмӯъ танҳо дар курси 6-ум аз 756 соат иборат мебошад. Таҷрибаомӯзӣ дар пойгоҳҳои беҳтарини муассисаҳои табобатии   шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳо  мегузаранд.
Факултети педиатрӣ – дар ин факултет аз руи 3-ихтисос таҷрибаомӯзӣ дар пойгоҳҳои беҳтарини муассисаҳои табобатии   шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳо  мегузаранд, яъне дар курси 1-ум парасторӣ (48-соат), курси 2-юм ҳамширагӣ (144 соат), курси 3-юм ҳамшираи дармонгоҳӣ (144 соат.)
         Факултети стоматологӣ –  донишҷӯёни ин факултет аз рӯи 6 тахассус таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.Дар курси 2-юм  парастории бемор (36 соат) ва ҳамшираи тиб (72 соат) дар курси 3-юм  стоматологияи ортопедӣ (108 соат), дар курси 4-ум ҷарроҳии ҷоѓӯ рӯй (72 соат) ва стоматологияи кӯдакона (72соат) таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешавад:  
         Факултети фармасевтӣ – барои доннишҷӯёни ин факултет 9 намуди таҷрибаомӯзӣ ба нақша гирифта шудааст. Онҳо таҷрибаомӯзиро дар курси 1-ум оиди фармакогнозия ва ТИФ (48соат), дар курси 2-юм ботаника (72 соат), дар курси 3-юм фармакогнозия (108 соат) ва технологияи фармасевтӣ (36 соат), дар курси 4-ум технологияи фармасевтӣ (108 соат), дар курси 5-ум фармакогнозия ва ТИФ (252 соат) технологияи  фармасевтӣ (72соат) ва таҳлили сифати дорувори ( 216 соат) ва Стандартизатсия ашёи доруворӣ (36 соат) дар калонтарин дорухонаҳо ва корхонаҳои дорусозии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузаранд.
         Факултети НТҶ - донишҷӯёни ин факултет низ аз рӯи 6 тахассус мегузаранд.Дар курси 1-ум шиносоӣ бо ихтисос (48соат) курси 2-юм омори тиббӣ (72-соат), кори озмоишгоҳӣ (72 соат), дар курси 3-юм ёвари духтури эпидемиолог (72 соат) ва ёвари духтури беҳдошт (72 соат), дар курси 4-ум беҳдошт,эпидемиология ва нигаҳдории тандурустии ҷамиятӣ (144 соат) дар МНДЭС –и вилоятиву шаҳрӣ  мегузаранд.
       Имсол бори аввал дар таърихи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои 6-уми факултети тиббӣ соли таҳсили клиникӣ ҷорӣ карда шуд.Мақсади ташкил намудани ин намуди таҷрибаомӯзӣ ин буд,ки ҶТ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳавзаи тибби муосиру пешрафтаи дунё шомил гашта, мехоҳад ки хамкунандагони донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар тамоми гушаҳои олам ҳуқуқи кору фаъолият дошта бошанд.Таҳсили  соли клиникӣ дар 35 шаҳру ноҳияҳои ҶТ,ки имконияти гузаронидани таҷрибаомӯзиро доштанд дар тӯли зиёда аз 4 моҳ, шурӯъ аз 1 август то 6-уми декабри соли 2016 баргузор гардид.
Дар гурӯҳҳо то 5 нафар донишҷӯ зери роҳбарии мураббиёни дараҷаи на камтар аз якум дар муддати 18 рӯзи корӣ аз 6 тахассус (ҷарроҳӣ,дарунӣ,кӯдакона,акушерӣ-гинекологӣ,сироятӣ ва тибби оилавӣ) таҷрибаомӯзӣ карданд.Аслан бештари мураббиён мудирони шуъбаҳои бемористонҳо буданд.Дар марҳилаи бозгашт мураббиён ва донишҷӯён  ба таври анонимӣ анкетаронӣ карда шуданд,то ки фикрҳои худро озод ва барои оянда муфид арзёбӣ карданд.Аз 90 % бештари донишҷӯён ва 100% мураббиён чунин тарзи таҷрибаомӯзиро дастгирӣ намуданд,чунки дастрасӣ ба беморон ва ҳуҷчатнигорӣ бештар доштанд ва дар гурӯҳҳо миқдори донишҷӯён то 5 нафар мерасид,ки кори мураббиёнро низ осону самарабахш месохт.