Loading...
АСОСӢ
Шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ

 Диданд: 1

Шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139

Тел.: (+992) 44 600 3625, (+992) 98 515 45 45, (+992) 93 515 45 45, e-mail: saidov_bahromuddin@mail.ru, phd@tajmedun.tj

Сардори шуъба н.и.т., дотсент Саидзода Баҳромуддин Икром

 

            Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ тариқи таҳсил дар аспирантура, докторантураи PhD, докторантура, унвонҷӯӣ ва гузаронидани устодон ба сифати ходими хурд ва калони илмӣ тайёр карда мешавад. Аспирантура ва докторантура барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омӯзгорӣ ва илмии шаҳрвандон ва дарёфти дараҷаи илмии номзад ё доктори илм шароит фароҳам меоварад.
             Аспирантура яке аз усулҳои омода намудани мутахассисони илмӣ ва илмӣ- педагогии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, дар асоси қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” ва Низомномаи “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълим”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Низомнома мувофиқи қорори №296-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.07.2008 “Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ дар ҶТ дар солҳои 2009-2015”амал мекунад.
          Шӯъбаи аспирантура соли 1943 таъсис дода шудааст. Таи солҳои фаъолияти шӯъба садҳо нафар онро хатм намудаанд. Аввалин аспирантони ДДТТ Я.А.Раҳимов(аз кафедраи анатомияи топографӣ)  ва М.Я. Расулов (аз кафедраи анатомияи патологӣ) буданд. Аввалин олими тоҷик, ки рисолаи номзадӣ (1943) ва баъдтар рисолаи докторӣ (1950) дифоъ намудааст, Кулматов М.К.буд.
         Солҳои 1943- 1967 дар донишкада 4103 нафар духтур тайёр карда шуд, ки 186 нафари онҳо рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Аз хатмкардагони соли 1943 11,3%, соли 1949 11,1% ва соли 1950 12% рисолаҳои номзадии илм дифоъ карда буданд. Дар солҳои 70-ум 40 нафар рисолаи докторӣ ва 317 нафар расолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.
Солҳои 90-ум дар аспирантураи Донишгоҳ 67 нафар аспирант,71 нафар унвонҷӯёне, ки рисолаҳои номзадӣ ва 34 нафар рисолаҳои доктори менавиштанд, таҳсил мекарданд. Дар нимаи дуюми солҳои 90-ум 24 нафар омӯзгорон рисолаҳои докторӣ ва 62 нафар рисолаҳои номзадӣ ( аз ҷумла 19 нафар доктор ва 59 нафар номзад) дар шӯроҳои диссертасионии ДДТТ дифоъ намудаанд.
          Таи солҳои 2006-2016 тавассути аспирантура 734 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, 75 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.
       Ҳайати устодону профессорони Донишгоҳ дар баробари тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ барои Донишгоҳ, инчунин барои муассисаҳои илмиву табобатии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Дар баробари тайёр намудани кадрҳои илмӣ тибқи таҳсил дар бахшҳои магистратура, аспирантура, докторантураи PhD, докторантура, инчунин ҳамчун унвонҷӯи дараҷаи илмӣ номзадӣ ва докторӣ сурат мегирад.
          Унвонҷӯёни  дараҷаи илмии  номзадӣ дар давраи солҳои 2006 то 2016 760 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда буд, ки аз онҳо 125 нафарашон рисолаҳои номзадиро дифоъ намудаанд.
          Унвонҷӯёни  дараҷаи доктори илми тиб дар давраи солҳои 2006 то 2016 42 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда буд, ки аз онҳо 15 нафарашон  рисолаҳои докторӣ дифоъ намудаанд.
Микдори магистрон дар давраи солҳои 2008 то 2016  336 нафарро ташкил намуда, 158 нафарашон рисолаҳои магистриро  дифоъ намудаанд.
       Аз соли 2015 инҷониб дар шуъба  докторантони  PhD фаъолият дорад. Ҳоло дар докторантураи PhD 10 нафар таҳсил менамоянд, ки 8 нафар соли аввал ва 2 нафар соли дуюм фаъолияти худро идома дода истодаанд.
      Донишкада аз соли 1977 инҷониб барои мамолики хориҷӣ низ мутахассис тайёр мекунад. Соле то 15 – 20 нафар аспирантҳо, магистрҳо ва ординаторони клиникӣ аз хориҷи кишвар қабул мегаштанд. Соли 1981 бо Донишкадаи навтаъсиси тиббии Кобул, соли 1991 бо филиали Донишкадаи тиббии Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, соли 1992 бо Донишгоҳи тиббии Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон қарордод ва шартномаҳо ба имзо расидаанд. Дар тӯли 50-сол аз тариқи аспирантура 322 нафар номзадҳои илм тайёр карда шуд.
Дар давраи солҳои 2006 то 2016 микдори магистрони хориҷӣ 44 нафарро ташкил намуд, ки аз онҳо 34 нафарашон бо муваффақият рисолаҳои магистриашонро дифоъ намуданд ва 6 нафарашон дар арафаи ҳимоя мебошанд.
Дар давраи солҳои 2006 то 2016 миқдори аспирантони хориҷӣ 11 нафарро ташкил намуд, ки онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Судан, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Сирия мебошанд.
Дар давраи солҳои 2014 то 2016 микдори докторантураи PhD хориҷӣ 1 нафарро ташкил намуд,ки он шаҳрванди ҶИ Афғонистон мебошад.
Дар аспирантураи ДДТТ аз рӯи 57 ихтиссос мутахассисон тайёр карда мешаванд (2009).
Дар заминаи бахши аспирантура ва Шӯрои диссертатсионӣ Шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ таъсис дода шуда, Низомномаи он бо Қарори Шӯрои Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз 23.02. соли 2017 таҳти №7 тасдиқ карда шуд.

               Сохтори шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ

Сардори шуъба
Корманди калони илмӣ (котиби шӯрои диссертатсионӣ)
Корманди хурди илмӣ
Нозир

НИЗОМНОМАИ  РhD.rar